Доллар дигар лозим нест: сабаби устуворгардии рубл дар чист?

© AFP 2022 / ALEXANDER NEMENOVРоссийский рубль
Российский рубль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сарфи назар аз таҳримҳо ҷойгоҳи пули русӣ дар баҳори соли 2022 дар пасманзари заифшавии доллар ва евро дар солҳои охир ба таври бесобиқа мустаҳкам шуд
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Ба таҳкими қурби рубл кам шудани воридот ба Русия сабаб шудааст, менависад "Прайм".
Дар моҳи апрел ин ҳаҷм имкон дорад, аз ҳисоби маҳдудиятҳои воридоти баъзе молҳо ба Федератсияи Русия ва инчунин вайрон кардани занҷирҳои таъминот тақрибан 50% коҳиш ёфта бошад.
Ин ба воридкунандагони Русия имкон намедиҳад, ки ҳаҷми интиқол аз хориҷро ба кишвар дар як миқёс нигоҳ доранд.
Ба гуфтаи сардори бахши иттилоотӣ-таҳлилии ширкати "Ҷаҳони сармоя", Василий Карпунин, ҳама гуна қурби асъорро динамикаи талабот ва пешниҳод муайян мекунад.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2022
Дар Чин гуфтанд, ки Русия чӣ гуна ба доллар зарба зад
Агар воридоти асъор ба кишвар зиёд бошад, аммо ба он талабот набошад, пас арзиши он нисбат ба пули миллӣ коҳиш меёбад.
Ӯ ёдовар шуд, ки Федератсияи Русия мисли пештара ба хориҷи кишвар ҳаҷми зиёди колоҳоеро содир мекунад, ки таҳти таҳримҳо қарор надоранд. Дар баробари ин нархи онҳо хеле баланд аст. Ин ҳам вуруди асъорро аз хориҷ дар сатҳи назаррас нигоҳ медорад.
Карпунин инчунин хотиррасон кард, ки то вақтҳои охир содиркунандагон маҷбур буданд, 80 фоизи даромади асъорро фурӯшанд ва хаҷми даромади содирот зиёд кам нашудааст.

"Дар натиҷа пешниҳоди доллар дар бозори Русия, сарфи назар аз сабукгардонии ахири танзимкунанда хеле баланд шуд", - қайд кард таҳлилгар.

Илова бар ин коршинос аз маҳдудиятҳое ёдовар шуд, ки Бонки марказии Федератсияи Русия барои интиқоли маблағ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷорӣ кардааст.
Ин ба коҳиши хуруҷи сармоя сабаб шуда буд, аммо дар якҷоягӣ бо таҳримҳо алайҳи Федератсияи Русия ба хариди доллар ва евро низ зарар расонд.
Ин аст, ки ҳоло ин асъори хориҷиро гирифтан ё сармоягузорӣ кардан ғайриимкон аст. Василий Карпунин ба хулосае омад, ки аз ин лиҳоз талабот ба асъор кам шудааст.
Лентаи хабарҳо
0