Еврокубок бори аввал насиби футболбози Ӯзбекистон шуд

CC BY-SA 3.0 / Светлана Бекетова / Шомуродов стал первым узбекским футболистом, выигравшим еврокубок
Шомуродов стал первым узбекским футболистом, выигравшим еврокубок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Обуна шудан
Бозингари "Рома" ва капитани тими миллии Ӯзбекистон ба дастоварди таърихӣ ноил гашт: ӯ аввалин бозигари кишвараш шуд, ки чунин ҷоизаи бонуфузро ба даст овард
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Ҳамлагари тими "Рома"-и Италия Элдор Шомуродов аввалин бозигари ӯзбекистоние шуд, ки Ҷоми Аврупоро ба даст овард.
Шоми 25 май тими римиён дар бозии ниҳоии Лигаи УЕФА бар дастаи "Фейеноорд"-и Голландия ғалаба карданд.
Вохӯрӣ дар Тиранаи Албания баргузор шуда, бо бартарии минималии "Рома" - 1:0 анҷом ёфт. Голи ягонаи дастаи Жозе Моуриноро Николо Заниоло дар дақиқаи 32-юми бозӣ ба самар расонд.
Шомуродов дар дақиқаи 89-ум ба бозӣ ҳамроҳ шуда, Рик Карсдорпро иваз кард.
Қабл аз кӯчидан ба Италия ҳамлагари ӯзбек дар ҳайати дастаи "Ростов" дар Русия бозӣ мекард.
Олимпийская сборная Таджикистана (U-23) провела товарищеский матч против сверстников из Узбекистана.
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Шикасти мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар рақобати дӯстона аз яккачини Ӯзбекистон
Ёдовар мешавем, ки Шомуродов 26 сол дорад. Ӯ дар шаҳри Ҷарқӯрғон, дар наздикии Тирмиз, дар марз бо Афғонистон ба дунё омадааст.
Наздикони варзишгар низ футболбоз буданд. Худи Шомуродов аз синни 6-солагӣ ба ин намуди варзиш машғул шудааст.
Аз 19-солагӣ ӯро ба тими ҷавонони Ӯзбекистон ҷалб карданд. Дар ибтидои соли 2015 Шомуродов ба дастаи "Бунёдкор"-и Тошканд гузашт ва бо он 96 бозӣ анҷом дода, 20 гол зада, дар финали Ҷоми Ӯзбекистон соҳиби медалҳои нуқраи чемпионати ин ҷумҳурӣ гардид.
Дар поёни соли 2015 ӯ миёни довталабони унвони "Беҳтарин футболбози ҷавони Осиё" ном бурда шуд. Соли 2017 ба тими "Ростов"-и Русия гузашт, ки то соли 2020 дар он монд. Номбурда беҳтарин бозигари моҳ дар Лигаи Премерӣ низ эътироф гардид.
Дар мавсими 2019/20 ӯ дар 28 бозии чемпионати Русия 11 гол задааст. Соли 2020 ба клуби итолиёвии "Женоа" ва соли 2021 ба "Рома" гузашт.
Илова бар ин, Шомуродов ҳамлагар ва капитани тими миллии Ӯзбекистон аст.
Лентаи хабарҳо
0