Филми коргардони тоҷик дар Лондон соҳиби ҷоиза шуд

© Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣФайзулло Файзов, кадр из фильма "Водный мальчик"
Файзулло Файзов, кадр из фильма Водный мальчик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Обуна шудан
Қаблан филми коргардони тоҷик, "Бачаи обӣ" ба ҷоизаи "Ника" пешбарӣ шуда буд. Ҳоло ӯ ба гирифтани як ҷоизаи дигар ноил гардид
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Филми коргардони тоҷик Файзулло Файзов дар ҷашнвораи филмҳои АвруОсиёи намоиш дода шуд, хабар медиҳад агентии "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, филми "Бачаи обӣ"-и коргардони ҷавони тоҷик Файзулло Файзов дар Лондон намоиш дода шуд ва сазовори ҷоизаи "Ҳусни таваҷҷуҳи тамошобинон" гардид.
"Бачаи обӣ" дар бахши "Филми бадеӣ" ба даври ниҳоӣ роҳ ёфта, ҷоизаи ҷоизаи "Ҳусни таваҷҷуҳи тамошобин"-ро сазовор гардид", - менависад манбаъ аз қавли сафорати Тоҷикистон дар Британия.
Гуфта мешавад, ҷоизаи Файзов ба намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Британия ва Ирландияи Шимолӣ супорида шуд ва интизор меравад, онҳо ин ҷоизаро ба Душанбе ирсол кунанд.
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2022
Эрон ба идомаи ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Афғонистон таъкид кард
Нахустнамоиши филми "Бачаи обӣ" моҳи октябри соли 2020 дар Тоҷикистон баргузор шуда, миёни тамошобинон мухлисони зиёдро пайдо карда буд. Идеяи филм ба коргардони марҳум Бахтиёр Худоназаров нисбат дода мешавад.
Он аз саргузашти кӯдаки 10-солае қисса мекунад, ки дар канори обанбори Қайроққум зиндагӣ мекунаду аз мактаб дур шудааст ва майл ба моҳидорӣ дорад. Асар дар мисоли ин писарча, Рамзес аз деҳаи Моҳигирон ва баҳр аз муносибати инсону табиат қисса мекунад. Бо мурури замон об каму мавҷудоти зинда дар он низ камтар мешаванд.
Филмсози тоҷик номзад ба ҷоизаи "Ника" шуд
Филм маърифатӣ буда, барои тамошобинони синни гуногун мувофиқ арзёбӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки номзадии филми Файзулло Файзов - "Бачаи обӣ" ба ҷоизаи "Ника" пешниҳод шудааст.
Ҷоизаи "Ника", ки офаридаи Файзов аз ҷумлаи довталабони он мебошад, аз ҷониби Академияи санъат ва синамои Русия тақдим мешавад.
Лентаи хабарҳо
0