Кишти гандуми Русия дар Суғд: Аҳмадзода роҳи даромадгирии бештари деҳқононро гуфт

© Дафтари матбуоти ҳукумати СуғдРаҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар гандумзорҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар гандумзорҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулов умед доранд, аз навъҳои тухмии гандуме, ки аз Русия ва Ӯзбекистон оварда шудаанд, ҳосили хуб мегиранд
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд аз майдонҳои кишти ноҳияи Ҷаббор Расулов, аз ҷумла гандумзорҳояш дидан кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии ҳукумати Суғд хабар дода афзуд, ки Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии "Норбой"-и Ҷамоати деҳоти Гулхона бо вазъи нашъунамои гандуму пахта шинос шуд.
Ба раиси Суғд гузориш дода шудааст, ки дар ноҳия 1600 гектар гандум кишт шуда, деҳқонон навъҳои серҳосили "Элита", "Старшина" ва "Краснодар"-ро аз Ӯзбакистон ва Русия вориду кишт намудаанд.

"Ҳосил қариб пухта расидааст ва кишоварзони ноҳия умед доранд, ки ҳосили хуб ба даст меоранд", - омадааст дар иттилоия.

Дар пахтазори ноҳияи Ҷаббор Расулов роҳбари вилоят ба риояи ҳатмиии қоидаҳои агротехникӣ таъкид намуда, бархе тавсияҳо додааст. Манбаъ илова намуд, ки дар хоҷагии мазкур дар 1,3 га пахта кишт шуда, кишоварзон бо нигоҳубини зироат машғул ҳастанд.
Ҳамчунин дар доираи боздиди корӣ Аҳмадзода бо фаъолияти нуқтаҳои бандубасти пиёз дар шаҳраки Меҳробод шинос шудаст. Ба раис маълумот дода шуд, дар ин ноҳия ҳашт маркази логистикӣ мавҷуд буда, дар ин нуқтаҳо пиёз аз рӯйи намуду ҳаҷм бандубаст ва ба хориҷ содир мешавад.
Фестиваль-конкурс “Оши палав” - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Дар Суғд кишти шолиро зиёд мекунанд. Нархи ош арзон мешавад?
"Айни замон пиёз аз навоҳии вилояти Хатлон оварда шуда, ба кишварҳои Русия ва Қазоқистон тавассути қатора содир мешавад. Дар нуқтаҳои бандубасти пиёз 2 000 нафар зан ба кор ҷалб гардида, маоши хуб мегиранд", - афзуд дафтари матбуотии ҳукумати Суғд.
Ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ дар вилояти Суғд низ оғоз ёфта, содироти он ба роҳ монда шудааст. Раиси вилоят дар суҳбат бо соҳибкорон изҳор дошт, ки барои фаъолият шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва бояд содироти маҳсулоти кишоварзӣ зиёд карда шавад, то деҳқонон даромади хуб ба даст оваранд.
Лентаи хабарҳо
0