Мақомоти Душанбе яке аз хатсайрҳои автобусро аз байн мебаранд

© Sputnik / Амир ИсаевАвтобусная остановка в Душанбе
Автобусная остановка в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Яке аз хатсайрҳои автобус дар пойтахт барҳам дода мешавад ва ба ҷойи он як хатсайри дигар, ки аллакай мавҷуд аст, ҳаракат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Мақомоти Душанбе ҳаракати нақлиёти ҷамъиятиро бо назардошти гардиши мусофирбарӣ дар яке аз самтҳо танзим хоҳанд кард.
Ҳамин тариқ, бино ба иттилои мақомоти шаҳрдорӣ, аз 1 июни соли 2022 дар шаҳр ҳаракати микроавтобусҳои рақами 44 қатъ мегардад. Он аз кӯчаи П.Толис - ҷамоати деҳоти Қуштеппа то маҳаллаи Лоҳутӣ (ЖБК-6) то кунун ҳаракат мекунад.
Маъмурияти шаҳр ба сокинон ва меҳмонони пойтахт хабар медиҳад, ки хатсайри куҳна ба хатсайри дигар, ки аллакай амал мекунад, иваз карда мешавад.
Автобусный вокзал Asian Express Terminal, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Ҳаракати автобус дар масири Душанбе - Маскав оғоз мешавад: ба киҳо иҷозаи сафар аст
Нақлиёти доимии ҷамъиятӣ аз ҳисоби зиёд кардани шумораи автобусҳо ва иваз кардани нуқтаи охири хатсайри рақами 4 таъмин карда мешавад: аз терминали "Маром" то маркази савдои "Кушониён".
Қайд карда мешавад, ки хатсайри автобуси №4 дар самти зерин ҳаракат мекунад: аз маркази савдои "Кушониён" то Терминали Шарқӣ, аз тариқи кӯчаву хиёбонҳои Ҳ. Шерозӣ, Рӯдакӣ, У. Хайём, М. Турсунзода, Шарқ, Меҳнат, К. Раҳимов, А. Лоҳутӣ, Шотемур, Х. Деҳлавӣ, Г. Валаматзода ва С. Айнӣ.
Шаҳрвандон ва меҳмонони пойтахт метавонанд бо автобусҳои муосири AKIA ва "KING" "LONG" сафар кунанд.
Мақомот инчунин хотиррасон карданд, ки пардохти роҳкиро аз тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0