Ин шӯхӣ нест: Путин аз хатари таҳримҳо ба иқтисод гуфт

Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Кишвардори Русия мегӯяд, таҳримҳои ҷоринамудаи Ғарб ба ҳама таъсир мерасонанд. Ӯ гуфт, дар кишварҳои пешрафта давоми 40 соли ахир чунин таваррум вуҷуд надошт
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия гуфт, таҳримҳои мавҷударо набояд чун шӯхӣ қабул кард.
Ӯ гуфт, таҳримҳо ба ҳама таъсир мерасонанд, дар кишварҳои пешрафта 40 сол инҷониб чунин таваррум вуҷуд надошт.

"Новобаста аз он ки иқтисодиёти он кишварҳое, ки чунин сиёсати кӯтоҳандешонаро пеш мебаранд, чӣ қадар устувор бошанд ҳам, вазъи имрӯзаи иқтисоди ҷаҳонӣ нишон медиҳад, мавқеи мо дуруст ва асоснок аст", - тавзеҳ дод роҳбари Русия.

Ба таъкиди ӯ, дар кишварҳои пешрафта феълан бекорӣ дар ҳоли афзоиш аст ва ҳамчунин бӯҳрони ҷаҳонӣ шиддат мегирад.
Ӯ гуфт, сар задани бӯҳрон дар саҳоҳои асос, " маъалан, ғизо, ин шухӣ нест, инҳо чизҳои ҷиддие, ки ба тамоми низоми равобити иқтисодӣ ва сиёсӣ таъсир мерасонанд".
Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молию бонкӣ ва энержиро шомиланд.
Города мира. Шанхай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2022
Даъвати Пекин аз кишварҳои G7: Аз таҳримҳои ғайриқонунӣ даст кашед
Мақомоти Русия ҳамчун чораи ҷавобӣ аз эҳтимоли миллӣ кардани ширкатҳое гуфтанд, ки бидуни ироаи кафолат ба истеъмолкунандагон нияти тарки бозори ин кишварро кардаанд.
Русия ҳамчунин эълон кард, ки аз уҳдадориҳояш дар робита ба қарзи давлатӣ даст намекашад, онро бо рубл пардохт хоҳад кард. Вазири молияи ин кишвар Антон Силуанов таъкид намуд, ки пардохти қарзҳо бо рубл то замоне давом хоҳад кард, ки дороиҳои кишвар дар хориҷ кушода шаванд. Ӯ зикр намуд, ки захоири тилою асъори Русия, аз ҷумла Хазинаи рифоҳи миллӣ дар хориҷ баста шудаанд ва аз ин рӯ ӯ ин иқдоми Маскав барои пардохти уҳдадориҳо аз рӯи қарзи давлатӣ бо рублро аз рӯи адолат номид.
Ахиран дар Кремл изҳори бовар намуданд, ки дар Русия зарфияти кофӣ барои раҳоӣ аз вазъи феълии иқтисодӣ фароҳам аст.
Лентаи хабарҳо
0