Раҳмон аз дидбонгоҳи марзӣ дар сарҳад бо Афғонистон дидан кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон в ходе рабочей поездки в район Сангвор
Эмомали Рахмон в ходе рабочей поездки в район Сангвор - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон вориди қаламрави комендатураи сарҳадии Сари Ғори отряди сарҳадии Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон шуд
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон аз отряди сарҳадии Шамсиддин Шоҳин дар марз бо Афғонистон боздид кард, гузориш медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.
Раҳмон ба ҳудуди комендатураи сарҳадии Сари Ғори отряди сарҳадии дар боло зикршуда, воқеъ дар вилояти Хатлон рафтааст.
Гуфта мешавад, ки раисиҷумҳур ба ин минтақа ба муносибати солгарди таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии кишвар сафар карда, бо афсарону аскарон дидор карда, бо ҳаёт ва хидмати онҳо дар сарҳад шинос шуд.
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Раҳмону Путин вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд
Раҳмон гуфт, давлат ба масъалаи таҳкими марзҳо, таъмини воҳидҳои нерӯҳои марзбонӣ бо техникаву техникаи муосир, аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.
Илова бар ин сарвари давлат аз вазъи ниҳоят мураккаб ва ҳассоси минтақа ва ҷаҳон гуфт. Ба гуфтаи ӯ, фаъол шудани гурӯҳҳои террористиву ифротӣ ва дигар гурӯҳҳои ҷиноии фаромиллӣ ҳушёриву зиракии касбиро талаб мекунад.
Русия барои таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон пул дод: парлумон пазируфт
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин таваҷҷуҳи худро ба он ҷалб кард, ки тайи солҳои истиқлол марзҳои кишвар ба куллӣ навсозӣ шуда, таъсиси комендатураи сарҳадии Сари Ғор мисоли равшани ин аст.
Ӯ ҳамзамон зимни шиносоӣ бо муҳимоти ҳарбӣ вобаста ба таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир бобати самаранок истифода бурдану дар ҳолати хуби омодагӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои махсуси низомӣ, техника, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва сайқал додани таҷрибаи доимии афсарону сарбозон ба масъулин супоришҳои мушаххас додааст.
Лентаи хабарҳо
0