Омӯзгорони Херсону Запороже бозомӯзӣ мегузаранд

© Unsplash/Taylor WilcoxКласс детей и учитель
Класс детей и учитель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Обуна шудан
Соли таҳсил дар макотиби вилоятҳои Херсон ва Запроже аз 1 сентябри соли равон бар асоси меъёрҳои федералии тадриси Русия роҳандозӣ хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Ҳудуди 20 ҳазор муаллим аз вилоятҳои Херсону Запороже дар Қрим бо бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Дар ин бора Сергей Аксёнов, роҳбари Қрим хабар дода афзуд, ки таҳсил дар макотиби вилоятҳои Херсон ва Запроже аз 1 сентябри соли равон бар асоси меъёрҳои федералии тадриси Русия роҳандозӣ хоҳад шуд.
"Давоми 8 ҳафта бозомӯзии ҳудуди 20 ҳазор омӯзгори тахассуси гуногун дар назар мебошад, то дарсҳо дар минтақаҳои озодшуда бар асоси қавонини Русия бо риояи меъёрҳои федералии таълим оғоз шаванд", - гуфт Аксенов.
Давраҳои омӯзишӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии таълими баъдидипломии омӯзгорон дар Қрим баргузор мешаванд.
Интизор меравад, ки забони русӣ баробари украинӣ дар вилояти озодшудаи Херсон мақоми давлатӣ мегиранд. Муовини раиси маъмурияти низомию шаҳрвандии вилоят Кирилл Стремусов, ахиран гуфт, забони асосии коргузорӣ, муошират ва масоили дорои аҳамияти давлатӣ забони русӣ хоҳад буд.
Ба гуфтаи Стремусов, забони украинӣ дар минтақа мамнуъ нахоҳад шуд. Илова бар ин муовини раиси маъмурият гуфт, ки таҳсили минбаъда дар мактабу донишгоҳҳои вилоят бо забони русӣ сурат мегирад. Дар зимн ӯ истисно накард, ки бо хоҳиши волидон синфҳои украинӣ низ ташкил мегарданд.
Девушка с телефоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Херсону Запороже ба кодҳои телефонии Русия мегузаранд
Мақомдори Херсон изҳор дошт, ки ҳаққи шаҳрвандонро поймол нахоҳанд кард.
"Дар минтақаи мо як ҷамъияти бузурги тоторҳои Қрим ҳам зиндагӣ мекунанд. Додани мақоми давлатӣ ба забони тоторҳоро, тавре ки дар Қрим сурат мегирад, мо дар мулоқот бо ҷамъият ба таври муфассал баррасӣ хоҳем кард", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки нерӯҳои Русия тамоми вилояти Херсон ва қисмати назди Азови вилояти Запорожро зери назорат гирифтанд. Дар ин минтақаҳо раёсатҳои низомӣ-шаҳрвандӣ ташкил карда шудааст. Ба ҳамин васила Украина аз баҳри Азов канда шуда, ҳудудҳои Херсону Запорож бо Ҷумҳурии Халқии Донетск пайванд гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0