"Аз худхоҳии миллӣ гузарем": Лукашенко шарикони Русияро ба муттаҳидӣ хонд

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Белоруссии Александр Лукашенко
Президент Белоруссии Александр Лукашенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Беларус мегӯяд, чун Русия шарики асосии тиҷории аксари кишварҳои минтақа, аз ҷумла Иттиҳоди АвруОсиё мебошад, таҳримҳо таъсир хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Ба далели глобалӣ будани иқтисод ва ин ки Русия шарики асосии тиҷории кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё мебошанд, таҳримҳо то дараҷае ба ҳамаи аъзои созмон таъсир хоҳанд кард.
Ин нуктаро Александ Лукашенко, раисҷумҳури Беларус зимни ҷаласаи сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баён дошт.

"Барои ин набояд бекор нишаст. Дигарбора мегӯям ба онҳое, ки мехоҳанд ором бишинанду вазъият худ ба худ ба эътидол ояд: мо бояд муттаҳид шавему аз як мавқеъ амал кунем", - изҳор дошт Лукашенко.

Вай таъкид намуд, ки чунин бархӯрд ба суди ҳама мебошад ва роҳи дигаре нест, агар мо хоҳем давлатдориямонро ҳифз намоем. Ба гуфтаи Лукашенко, ин иттиҳод ба фоидаи мардумони кишварҳо мебошад.
"Муътақидам, ки бо талошҳои муштарак ва татбиқи тамоми зарфиятҳои Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё ва гузаштан аз худхоҳии миллӣ мо аз тамоми имтиҳонот мегузарем", - таъкид кард вай.
Президент РФ В. Путин принял участие в заседании ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
"Таҷовузи амалӣ": нуқоти муҳим аз суханронии Путин дар нишасти Шӯрои ИИАО
Александр Лукашенко ҳамчунин изҳор дошт, ки кишварҳои узви созмон набояд дар доираи худ маҳдуд шаванд, балки рӯй ба шариконе оранд, ки омодаи ҳамкориянд. Дар ин росто ӯ аз Эрон, Индонезия, Миср, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва дигар давлатҳо ном бурд.
Ба гуфтаи Лукашенко, ҳамчунин зарфияти бузурге дар ҳамкорӣ бо Чин мавҷуд аст, ки ин имкониятро махсусан бояд дар рушди фанновариҳо истифода кард.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳайати ИИАО Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон дохил буда, Молдова, Ӯзбекистон ва Куба мақоми кишварҳои нозир дар онро доранд.
Лентаи хабарҳо
0