Лавров: Ғарб талош дорад, ки мардуми собиқ ИҶШС-ро ба ҷанг кашад

© Пресс-служба МИД РФ / Гузаштан ба хазинаи аксВозложение цветов к мемориальным доскам по случаю празднования Дня Победы
Возложение цветов к мемориальным доскам по случаю празднования Дня Победы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ғарб бо истифода аз тафсири воқеиятҳои гуногуни таърихӣ мехоҳад байни халқҳои дӯсти Иттиҳоди Шӯравии собиқ ҷанҷол барангезад
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Ғарб бо Русия ҷанг эълон кард ва инчунин талош дорад, ки мардуми ИҶШС-и собиқро бар зидди ҳамдигарӣ таҳрик кунад, гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров дар ҷаласаи Шӯрои сарони субъектҳои назди ВУХ-и Русия.
Илова бар ин Ғарб бо тафсири тамоюлоти таърихӣ дар байни мардуми Иттиҳоди Шӯравии собиқ ихтилоф андохтанӣ аст.
Ба гуфтаи ӯ, аллакай ҳеҷ кас чунин рӯҳияи душманонаро нисбат ба фарҳанги рус пинҳон намекунад.
Илова бар ин вазъи "бекор" кардани Русия ва ҳама чизҳои марбут ба он аз ҷониби Ғарб барои муддати тӯлонӣ идома хоҳад ёфт.
"Ғарб алайҳи мо, алайҳи тамоми ҷаҳони рус ҷанги куллӣ эълон кард, ҳоло касе инро пинҳон намекунад", - гуфт ӯ.
Лавров ёдовар шуд, ки интишори осори классикони рус манъ карда шудаанд: Чайковский, Достоевский, Толстой, Пушкин.
"Арбобони фарҳангу санъати миллӣ, ки имрӯз, ки фарҳанги моро муаррифӣ мекунанд, таҳти таъқиб қарор доранд", - қайд кард вазир.
Маълум мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида ва шариконаш барои боздоштани Русия талошҳои худро афзун мекунанд.
"Хиҷолат накашед": Медведев гуфт, ки ба таҳримҳои зидди Русия чӣ гуна посух бояд дод
Ҳоло барои боздоштани Русия доираи васеи абзорҳо истифода мешавад - аз таҳримҳои якҷонибаи иқтисодӣ то "таблиғоти бардурӯғ дар фазои ҷаҳонии расонаӣ".
"Дар бисёре аз кишварҳои ғарбӣ русбадбинӣ ҳамарӯза характери бесобиқа пайдо кардааст, ки бо таассуфи бузурги мо дар як қатор кишварҳо аз ҷониби доираҳои ҳукуматӣ ташвиқ карда мешаванд", - хулоса кард вазири корҳои хориҷии Русия.
Лентаи хабарҳо
0