Мирзиёев ба роҳбарони АвруОсиё роҳ аз тариқи Афғонистонро пешниҳод кард

CC0 / Pixabay / Поезд на железной дороге
Поезд на железной дороге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё аз дурнамои тарҳи роҳи оҳани фароафғонистонӣ тавсиф кард
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон гуфт, роҳи оҳани Тирмиз - Пешовар дарвоза ба Осиёи Ҷанубӣ ва бозори калон хоҳад шуд.
Мирзиёев зимни ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Авруосиё гуфт, роҳи оҳани мазкур аз тариқи Афғонистон кишварҳоро ба бозори Осиёи Ҷанубӣ, ки дорои аҳолии беш аз 2-миллиарднафарӣ мебошад, мепайвандад.
Тавсифи раисҷумҳури Ӯзбекистон аз ин тарҳ дар ҳолест, ки Бахтурраҳмон Шарофат, раиси Идораи роҳи оҳани Афғонистон моҳи равон равон гуфт, гурӯҳи коршиносони фаннӣ кори худро дар ин моҳ оғоз хоҳанд кард.
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Патрушев: ИМА бояд дар эҳёи Афғонистон кумак кунад
"Тайи як моҳи оянда иқдомоти майдонӣ ва иҷроӣ барои сохти хатти оҳани муштарак бо Ӯзбекистон оғоз мешавад ва акнун ҳамаи идорот дар ҳоли баррасии ин мавзуъ ҳастанд", - афзуд ӯ.
Бар асоси ин барномаи роҳи оҳани Афғонистон, хатти роҳи оҳани “Транс афғон” аз Мазори Шариф, Самангон, Пули Хумрӣ, Кобул, Лугар ва Ҷалолобод гузашта, дар ниҳоят ба Покистон мерасад.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи марти соли равон низ дар шаҳри Тирмиз нишасти гурӯҳҳои Ӯзбекистон - Афғонистон - Покистон баргузор шуд, ки дар он ҳамкорӣ дар бахши ҳамлу нақл мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Мақомоти Афғонистон бар ин назаранд, ки хатти роҳи оҳани Тирмиз - Мазори Шариф - Кобул – Пешовар метавонад тарҳи таъсиргузоре барои ояндаи минтақа бошад. Таъкид гардид, ки аз дербоз Афғонистонро ба далели нақши муттасилкунандааш байни бахшҳои мухталифи қора Қалби Осиё номгузорӣ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0