Осиё бори нахуст аз ҷиҳати хариди нафти Русия аз Аврупо пеш гузашт

© Public domainНефтяные насосы, архивное фото
Нефтяные насосы, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Обуна шудан
Осиё дар моҳи апрел барои бори аввал бузургтарин воридкунандаи нафти Русия шуд ва аз Аврупо пеш гузашт. Аксарияти нафтро ду кишвари бузурги Осиё харидаанд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Дар моҳи апрел Осиё бори аввал бузургтарин воридкунандаи нафти Русия шуд ва аз Аврупо пеш гузашт.
Дар ин бора РИА "Новости" бо такя ба "Bloomberg" хабар дод. Қайд карда мешавад, ки "моҳи май ин фосила зиёд мешавад".
Ба гуфтаи таҳлилгар Ҷейн Се (Jane Xie), ҳаҷми умумии содироти нафт аз Русия барои ду харидори бузургтарин дар Осиё - Ҳинд ва Чин, умдатан аз ҳисоби афзоиши харид аз Ҳинд ба сатҳи рекордӣ расид.

"Гарчанде ки интиқолҳо дар ин моҳ нисбат бо моҳи апрел камтар бошанд ҳам, аммо бо вуҷуд нисбат ба моҳҳои қаблӣ бештаранд", - гуфт ӯ.

Тибқи маълумоти таҳлилгарони "Kpler", то 26 май танкерҳо тақрибан 57 миллион бушка нафти Урал ва 7,3 миллион баррел нафти Шарқи Дури Русияро интиқол додаанд.
Дар охири моҳи феврал ин рақамҳо дар сатҳи 19 миллион "Urals" ва 5,7 миллион ESPO буданд.
Ба гузориши "Bloomberg", бештари танкерҳо бо нафти Русия ба Ҳинд ва Чин мераванд, зеро кишварҳои дигар ба далели авзоъ дар Украина воридоти онро маҳдуд кардаанд.
Добыча нефти в Татарстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2022
"Bloomberg": Манъи воридоти нафти Русия барои Ғарб худкушӣ хоҳад буд
Дар баробари ин ин кишварҳои осиёӣ, ба гуфтаи коршиносон, миллионҳо бушкаро бо нархи арзон хариданд.
Сарфи назар аз масири тӯлонӣ интиқол афзоиш меёбад. Роҳи як танкер аз бандарҳои ғарбии Русия ба Чин аз як тараф тақрибан ду моҳ тӯл мекашад.
Кишварҳои ғарбӣ ба далели эъмоли таҳримҳо алайҳи Русия пас аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина бо мушкилоти иқтисодӣ – болоравии қимати нерӯи барқ ​​ва таваррум рӯ ба рӯ шудаанд.
Маълум шуд, ки Тоҷикистон чӣ қадар маҳсулоти нафтӣ истеҳсол ва ворид кардааст
Тадбирҳо асосан ба бахши молиявӣ ва таъмини маҳсулоти технологӣ таъсир расониданд, аммо даъватҳо дар Аврупо барои коҳиш додани вобастагӣ аз захираҳои энергетикии Русия баландтар шуданд.
Кремл ин амалҳоро як ҷанги иқтисодӣ номид, аммо омодагӣ ба чунин рушди ҳодисаҳоро қайд кард.
Лентаи хабарҳо
0