Патрушев бо раиси Шӯрои амнияти Тоҷикистон мулоқот кард

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкСекретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Обуна шудан
Дабири Шӯрои амнияти Русия дар нишасти котибони Шӯрои амният дар пойтахти Тоҷикистон вазъи Афғонистонро баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев барои ширкат дар даври чаҳоруми машваратҳо оид ба мушкили Афғонистон вориди Душанбе шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ситоди Шӯрои амнияти Русия.
Машваратҳои бисёрҷонибаи котибони Шӯрои амният ба масъалаҳои таъмини амният дар сарҳад бахшида мешавад, ки он 27 май баргузор мешавад.
Қарор аст, дар мулоқот масоили марбут ба рушди авзоъ дар Афғонистон, ҳамчунин чолишҳо ва таҳдидҳо ба кишварҳои минтақа, ки аз ин қаламрав сар мезанад, баррасӣ шавад.
Президент Республики Таджикистана Эмомали Рахмон провел встречу с Генеральным секретарем Шанхайской организации сотрудничества Чжан Мином - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Раҳмон бо дабири СҲШ мулоқот кард: аз мубориза бо терроризм ва вазъи Афғонистон гуфтанд
Мушовирони амнияти миллӣ ва котибони шӯроҳои амниятии Ҳинд, Эрон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон вориди Душанбе шудаанд.
Маълум аст, ки Патрушев ҳамчунин як қатор мулоқотҳои дуҷониба баргузор менамояд.
То кунун ӯ бо ҳамтои худ аз Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода дидору гуфтушунид кардааст.
Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами амният табодули афкор намуда, динамикаи рушди муносибатҳои Русияву Тоҷикистонро қайд намуда, ҳавасмандии худро ба таҳкими муносибатҳои иттифоқӣ тасдиқ намуданд.
Патрушев инчунин бо мушовири амнияти миллии сарвазири Ҳиндустон Ажит Довал гуфтушунид кард.
Лентаи хабарҳо
0