Истихбороти Русия: Қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба ОМ ду баробар афзоиш ёфтааст

© PixabayМак, опиаты
Мак, опиаты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Обуна шудан
Идораи истихбороти Русия мегӯяд, ки вазъ дар Афғонистон муташанниҷ боқӣ мемонад ва қочоқи маводи мухаддир аз ин кишвар ба Осиёи Марказӣ ду баробар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Владимир Кулишов, муовини аввали раиси Хадамоти марзбонии Русия ба хабарнигорон дар бораи қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон гуфт, "вазъият дар ин кишвар ҳанӯз душвор аст".
Ба ҷуз аз далоили сиёсӣ ва иқтисодӣ ба рушди он ҳузури гурӯҳҳои мухталифи созмонҳои байналмилалии террористӣ дар Афғонистон, ки мехоҳанд мавқеъҳои худро дар сохторҳои қудратӣ, аз ҷумла муқовимат бо мақомоти кунунӣ таҳким бахшанд, таъсири назаррас дорад.
Дар баробари авҷ гирифтани буҳрони башардӯстона дар Афғонистон ба афзоиши фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноӣ, ки ба истеҳсол ва интиқоли маводи мухаддир ба кишварҳои ҳамсоя, хатари вуруди террористони байналмилалӣ дар миёни гурезагон ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия мусоидат мекунад.
 сок мака - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
СММ: Афғонистон ҳамчунон бузургтарин тавлидкунандаи маводи мухаддир дар ҷаҳон аст
"Дар соли 2021 ҳаҷми интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои Африқои Марказӣ ду баробар афзоиш ёфтааст. Танҳо дар ин муддат дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 3,5 тонна мусодира шуд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2020 ба 1,7 тонна баробар буд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои марзбонии Русия бо шарикон дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ҳамкорӣ карда, дар баъзе мавридҳо барои мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир амалиёти муштараки пешгирӣ ва ҷустуҷӯӣ анҷом медиҳанд.
Қаблан Сергей Шойгу, вазири дифои Русия гуфта буд, бесуботии сиёсӣ дар Афғонистон хатари вуруди террористон ва афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар кишварҳои узви СПАД-ро афзоиш медиҳад.
Ҳамзамон Созмони Милали Муттаҳид низ гуфт, ҳарчанд заминҳои кишти маводи мухаддир дар Афғонистон коҳиш ёфтааст, аммо ин кишвар ҳамчунон бузургтарин тавлидукунандаи маводи мухаддир боқӣ мондааст
Лентаи хабарҳо
0