Сипос: тавсифи волии Маскав аз кори муҳоҷирони меҳнатӣ

© Sputnik / Максим БлиновТрудовые мигранты
Трудовые мигранты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳозир 14 ҳазор нафар аз хориҷиён дар сохтмонҳои вилояти Маскав кор мекунанд. Нисфи онҳо зодагони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мебошанд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Вилояти Маскав ният надорад, ки аз кори муҳоҷирон дар сохтмонҳо даст кашад, изҳор дошт волӣ Андрей Воробёв дар суҳбат бо РБК.
Ӯ қайд кард, ки дар вилояти Маскав бозори калони фурӯши манзил мавчуд буда, сохтмони биноҳои ҷадид давом дорад. Аз ҷумла зикр шуд, ки феълан дар қаламрави вилоят 730 бинои истиқоматӣ сохта шуда истодаанд.
Ба иттилои Воробёв, дар сохтмонҳо зиёда аз 30 ҳазор нафар кор мекунанд, ки 14 ҳазор нафарашон муҳоҷир мебошанд. Нисфи онҳо зодагони Осиёи Миёна ҳастанд, гуфт Воробёв.
"Метавон аз онҳо даст кашид - раванди иваз кардани онҳо давом дорад. Аммо талабот ба кори онҳо вуҷуд дораду онҳо аз рӯи виҷдон фаъолият мекунанд, ташаккур ба онҳо", - таъкид намуд волии Маскав.
Вай зикр намуд, ки дар сохтмони биноҳо роҳбарон, прорабҳо ва коргарони қаторӣ фаъолият мекунанд, ки вобаста ба тахассус аз 60 то 100 ҳазор рубл дар моҳ маош мегиранд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан бархе аз минтақаҳои Русия аз кори муҳоҷирон дар бахшҳои алоҳида даст кашиданд. Аз ҷумла Перм, Ханти-Мансийск, Хабаровск, Приморе, Калуга ва Тюмен дар ин феҳрастанд.
Феълан кишвари қабулкунандаи асосии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон Русия мебошад.
Почему РФ нуждается в трудовых мигрантах из Таджикистана? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Коршинос гуфт, чаро Русия ба муҳоҷирони тоҷик ниёз дорад? Видео
Чор далели асосӣ мавҷуд аст, ки тоҷикистониён барои муҳоҷирати меҳнатӣ бештар Русияро интихоб мекунанд, изҳор дошт ахиран Тоҳир Каримзода, сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ.
"Сабаби интихоби ин кишвар барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ пайванди таърихӣ доштани кишварҳо, донистани забон, фарҳанг, расму оин ва сатҳи талаботи бозори меҳнати ин кишвар мебошад", - афзуд ӯ.
Аз шумораи умумии муҳоҷирон 94% дар Русия, 2,1% дар Қазоқистон, 0,6% дар Украина, 2% дигар дар кишварҳои ИДМ ва 1% дар кишварҳои хориҷи дур фаъолияти муваққатии меҳнатӣ доранд, изҳор дошт Каримзода.
Лентаи хабарҳо
0