Тоҷикистон ва Ӯзбекистон гардиши молро афзоиш доданд

© Sputnik / Рамиз БахтияровФлаги Узбекистана и Таджикистана
Флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндагони ниҳодҳои иқтисодии ҳарду ҷумҳурӣ зимни мулоқот дар Душанбе як қатор масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Дар 6 соли охир додугирифти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 37 баробар афзоиш ёфтааст.
Дар чаҳор моҳи аввали соли 2022 ин рақам аз 173 миллион доллар гузашт. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 40,5 миллион (30,4 фоиз) зиёд аст.
Натоиҷи пешрафт дар ҳамкориҳои ду ҷумҳуриро зимни дидоре дар Душанбе раиси Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ва муовини аввали вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Ӯзбекистон Лазиз Қудратов баррасӣ карданд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳоро баррасӣ карданд. Аз ҳама асосӣ вусъат додани алоқаҳои тиҷоратию иктисодӣ дар меҳвари ин дидор будааст.
Торговый поезд с контейнерами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2022
Ҳаҷми додугирифти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон маълум шуд
Ҳамчунин, намояндагони мақомот доир ба ҷаласаи дарпешистодаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ табодули назар карданд.
Завқизода ва Қудратов аҳамияти ҷалби маблағҳои иловагӣ ба иқтисоди миллӣ, ҳамчунин таъсиси корхонаҳои муштаракро дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон қайд карданд.
Намояндагони бахшҳои иқтисодӣ ҳамкориҳои кишварҳоро дар самти сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ баррасӣ карданд, менависад "Авеста".
Ахиран маълум шуд, ки тибқи натоиҷи семоҳаи аввали соли 2022 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон нисбат ба содирот ба ин кишвар 2 маротиба бештар коло ворид кардааст.
Ҳаҷми воридоти маҳсулот аз ҷумҳурии ҳамсоя беш аз 93,3 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои содироти маҳсулот 48,5 миллион доллар зиёд аст.
Лентаи хабарҳо
0