Аз борону жола то чангу ғубор: пешгӯии ҳавои номусоид дар Тоҷикистон

Дождь и град  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар пайи боронҳои шадид ва эҳтимоли жоларезӣ мақомот сел ва обхезиро пешгӯӣ мекунанд ва аз сокинон даъват менамоянд, ки аз эҳтиёт кор бигиранд
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон бинобар боришоти шадид ҳарорати рӯзонаи ҳаво дар водиҳо то 6-8 дараҷа паст мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11, рӯзона 21+26 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат ва дар манотиқи бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд.
Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 13-18 метр дар як сония мевазад мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Последствия схода селевого потока в кишлаке Бедак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Ҳушдори КҲФ ба тоҷикистониён: борону жола мебораду сел меояд
Хатлониёнро низ ҳавои тағйирёбанда мунтазир буда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, дар ноҳияҳои алоҳида бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.
Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат дар манотиқи куҳӣ бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест.
Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддати то 12-17 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Душанберо низ ҳавои боронӣ интизор аст. Шабона ва саҳаргоҳон борони бошиддат борида, раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво шабона 13+15 ва рӯзона 25+27 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0