Изҳори омодагии Эрон ба пайвандозии Тоҷикистон ба бандари Чобаҳор

© пресс-служба КТЖМорской порт Актау
Морской порт Актау - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҷониби Эрон барои мусоидат ба пайвастани Тоҷикистон ба обҳои озод изҳори омодагӣ кард. Душанбе бошад, гуфт солҳост, ки хостори истифода аз ин имконот буд
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Алии Шамхонӣ, дабири Шурои олии амнияти миллӣ омодагии Эрон зимни мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш Насруллоҳ Маҳмудзода омодагӣ барои иттисоли Тоҷикистон ба обҳои ҷанубии халиҷи Форсро эълом кард, хабар медиҳанд расонаҳои эронӣ.
Шамхонӣ бо ишора ба афзалиятҳои транзитии Эрон ва имконоти бандарӣ дар Чобаҳор гуфтааст, ки Тоҷикистон метавонад аз тариқи он ба обҳои ҷанубии халиҷи Форсро роҳ ёбад.
Насруллоҳ Маҳмудзода, дабири Шурои амнияти миллии Тоҷикистон низ дар ин дидор гуфтааст, ки раҳбарони кишварҳо бо иродаи мустаҳкам дар масири эҷоди фасли ҷадид дар равобити дуҷониба, гомҳои мустаҳкамеро бардоштаанд, ки масъулияти мо барои шитоб додан ба равобитро фароҳам кардааст.
Сухопутные войска иранской армии, перемещают беспилотник иранского производства во время военных учений - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2022
Тоҷикистон истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини эрониро оғоз кард
Вай афзуд, Тоҷикистон солҳост, ки хостори истифода аз бандари Чобаҳор барои иртибот бо бозорҳои хориҷӣ аст ва бо масдуд шудани роҳи нақлу интиқолоти ин кишвар аз тариқи Туркманистон ва ҳамчунин басарфаву амн набудани масирҳои дигаре ҳамчун Афғонистон, ниёзи Душанбе ба тараддуд аз тариқи бандари Чобаҳор беш аз пеш афзоиш ёфтааст.
Ба гуфти Насруллоҳ Маҳмудзода, ба ҳамин сабаб Тоҷикистон дастикам тайи ду даҳаи гузашта ҳамвора саъй бар барқарории иртиботи ҳасана бо кишварҳои ҷанубии худ дошта то аз ин тариқ битавонад бо ҳазинаи камтаре ба обҳои озод даст ёфтаву зимни таъмин ва воридоти колои мавриди ниёз, содироти маводи хому маъдании худ ба бозорҳои ҷаҳониро ҳам осон кунад.
Дабири Шӯрои амнияти миллии Тоҷикистон дар поёни суҳбат гуфтааст, ки сафари сарлашкар Боқирӣ, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон ба Тоҷикистон фасли ҷадиде дар равобити дифои ду кишвар эҷод кард ва омодагӣ дорем то тавофуқоти ҳосилшударо ба суръат иҷро кунем.
Лентаи хабарҳо
0