Володин гуфт, Байден ва Зеленский ба сифати кӣ дар таърих мемонанд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонк Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин
 Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2022
Обуна шудан
Раиси Думаи давлатии Русия гуфт, Байден ва Зеленский дар таърих ҳамчун президентҳое мемонанд, ки ҷаҳонро ба гуруснагӣ ва фалокат мувоҷеҳ карданд
ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатӣ дар шарҳи вазъи ғизо дар Украина ва изҳороти Вашингтону Брюссел дар мавриди захираи ғалла, раҳбари Амрико Ҷо Байден ва Владимир Зеленскийро президентҳое номид, ки дар сайёра гуруснагӣ ташкил карданд.

"Байден ва Зеленский ба ҳадафи худ хоҳанд расид - онҳо ба таърих ҳамчун президентҳое ворид хоҳанд шуд, ки дар сайёра гуруснагӣ ташкил карданд", — навиштааст Володин дар саҳифааш дар канали Telegram-и худ.

Раиси Думаи давлатӣ таъкид кард, ки Вашингтон ва Брюссел пешниҳод мекунанд, ки анборҳои ғалладонаро барои ҳосили нав холӣ кунанд ва дар бисёре аз минтақаҳои Украина корҳои баҳории саҳроиро пурра анҷом надодаанд.
Ҳамаи ин, ба фикри Володин, боиси нарасидани озуқаворӣ шуда метавонад.
"Иттиҳоди Аврупо интиқоли нуриҳои минералӣ аз Русия ва Белорусро манъ карда, аллакай ба камбуди онҳо рӯбарӯ шудааст. Ва дар мавриди калий - бошад пурра нест. Таҳримоти ҷоришуда қарори беандешона аст. Онҳо пеш аз ҳама ба он кишварҳое зарба заданд, ки аллакай бо озуқаворӣ мушкилот доштанд. Онҳо боиси боло рафтани нархи ғалла дар тамоми давлатҳо, аз ҷумла дар кишварҳои Аврупо шуданд. Ҳамаи ин метавонад дар охири соли ҷорӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон гуруснагиро ба вуҷуд оварад", - гуфт ӯ.
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.05.2022
Володин ба кишварҳои аврупоӣ тавсия дод, ки Иттиҳодияи Аврупоро тарк кунанд
Як қатор кишварҳои ғарбӣ ба далели авзоъ дар Украина алайҳи Русия чанд бастаи таҳримот ҷорӣ карданд.
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Дмитрий Медведев дар бораи паёмадҳои таҳримҳои зидди Русия гуфт, ки онҳо боиси буҳрони пурраи байналмилалии ғизо бо эҳтимоли гуруснагӣ дар кишварҳои алоҳида хоҳанд шуд.
Тақдири Украина чӣ мешавад? Посухи Патрушев
Тавре намояндаи расмии Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ Томсон Пири қаблан гуфта буд, вазъ дар Украина метавонад боиси болоравии қимати маводи ғизоӣ ва гуруснагии ҷаҳон гардад.
Ӯ қайд кард, ки ҳавзаи баҳри Сиёҳ яке аз муҳимтарин минтақаҳои истеҳсоли ғалла ва маҳсулоти кишоварзӣ буда, ба Украина ва Русия 30% содироти гандум, 20% содироти ҷуворимакка ва 76% захираи офтобпараст рост меояд. Ва қатъи истеҳсолот ё таъминот метавонад боиси болоравии нархҳо гардад.
Лентаи хабарҳо
0