Яккачини Тоҷикистон пеш аз Ҷоми Осиё як бозии дӯстона доир мекунад: бо кӣ?

© ФФТПетр Сегрт, главный тренер национальной сборной Таджикистана
Петр Сегрт, главный тренер национальной сборной Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дастпарварони Петр Сегрт тамринро барои омодагӣ ба Ҷоми Осиё идома дода, дар доираи ин мусобиқот як бозии дӯстона анҷом медиҳанд
ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Мунтахаби Тоҷикистон бо яккачини Сурия бозии дӯстона доир мекунад.
Ин рақобати санҷишӣ пас аз тамринҳои дастаҷамъонаи миллипӯшони кишвар дар Дубай сурат хоҳад гирифт.
Бозии мазкур ҷиҳати омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 доир мегардад, хабар медиҳад, дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи футболи Сурия дар мавриди баргузории бозии дӯстона миёни тимҳои миллии ду кишвар ба тавофуқ расиданд.
Ҳамин тариқ бозии дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Сурия ва Тоҷикистон 1 июн дар Дубай баргузор шуда, соати 19:00 ба вақти маҳаллӣ (20:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки пас аз тамринот дар Дубай тими миллии Тоҷикистон барои ширкат дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 ба Бишкек меравад.
Петр Сегрт, главный тренер национальной сборной Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2022
Тағйироти кадрӣ дар ҳайати мураббиёни тими миллии Тоҷикистон
Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бонуфуз дар гурӯҳи “F” қарор дошат, се бозӣ анҷом медиҳад.
Дар феҳрасти рақибони тими Тоҷикистон мунтахаби давлати Мянмор зикр шудаст, ки бозӣ 8 июн сурат мегирад. Бо тими Сингапур 11 июн ва Қирғизистон 14 июн вориди майдон хоҳанд шуд.
Мутахассиси хорватӣ ба тамриноти яккачини кишвар 26 футболбоз, аз ҷумла 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.
Аз ин ҳисоб 13 легионер аз Булғористон, Беларус, Қазоқистон, Эрон, Ӯзбекистон, Филиппин, Ҳиндустон, Бангладеш ва Туркия мебошанд.
Ба ҳайати тими миллӣ аз ҷумла 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0