Борону раъду барқ: пешгӯии ҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкБорон дар Маскав
Борон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2022
Обуна шудан
Дар ҳоле ки шабона ҳарорати ҳаво дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон то 0 дараҷа поин меравад, дар вилояти Хатлон то 36 дараҷа гармӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 29 май - Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст, хабар додаст "Ховар" аз қавли Ожонси ҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мегардад. Дар шарқи вилоят шабона 0+5 ва рӯзона 11+16 дараҷа дар назар аст.
Суғдро низ ҳавои тағйирёбанда фаро гирифта, дар баъзе ноҳияҳои водигӣ борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ-доманакӯҳӣ бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 дараҷа гарм, рӯзона 24+29 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8 ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.
Водохранилище Таджикское море - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2022
"Баҳри тоҷик"-ро барои обхезии эҳтимолӣ омода кардаанд
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 15+20 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 10+15 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 17+22 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 13+15 дараҷа ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад, афзуд Ожонси ҳавошиносӣ.
Лентаи хабарҳо
0