Эрдуғон бо Путин ва Зеленский суҳбат мекунад

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Турции Реджеп Тайип Эрдоган
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Туркия эълом дошт, ки дар субати қарибулвуқуяш бо роҳбарони Русия ва Украина чӣ пешниҳодҳо хоҳад кард ва чиро хоҳад хост
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия ният дорад, бо президенти Русия суҳбати телефонӣ анҷом диҳад.
Дар ин бора худи Эрдуғон хабар дода, афзуд, ки суҳбат 30 май дар назар аст. Ҳамчунин дар ин рӯз гуфтугӯи телефонии Эрдуғон бо Владимир Зеленский, президенти Украина дар назар аст.
"Рӯзи душанбе ҳам бо президенти Русия ва ҳам Украина суҳбати телефонӣ хоҳам дошт. Боз даъват хоҳам кард, ки аз роҳҳои муколамаю дипломатия истифода баранд", - изҳор дошт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки ахиран вазъи Украинаро президенти Русия телефонӣ бо президенти Фаронса, Эммануэл Макрон ва ва садри аъзами Олмон, Олаф Шолтс низ баррасӣ кард.
Ба иттилои Кремл, раҳбари Русия дар бораи рванди амалиёти вижаи идомадошта муфассал маълумот дода, қайд кард, ки нерӯҳои ФР меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии башардӯстонаро қатъиян риоя мекунанд.
Саммит G20 в Риме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2022
Дар ду курсӣ менишинад: ҳадафи аслии Эрдуғон ошкор шуд
Манбаъ афзуд, дар суҳбат ҳамчунин ба раванди музокирот, ки бо айби Киев қатъ шуда буд, таваҷҷуҳ карданд. Владимир Путин омодагии Русияро барои азсаргирии муколама баён доштаст.
Вай ҳамчунин ба масъалаи "хавфнок будани идомаи интиқоли силоҳҳои ғарбӣ ба Украина" ва хатарҳои марбут ба ноором кардани вазъ ва ташдиди буҳрони башардӯстона таваҷҷуҳ кардааст.
Роҳбарони кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳоро идома диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0