Масоили мавриди гуфтугӯи Раҳмону Раисӣ маълум шуд

© Дафтари матбуоти презтиденти ҶТЭмомали Рахмон президент РТ и Сайид Иброхим Раиси, президент Ирана
Эмомали Рахмон президент РТ и Сайид Иброхим Раиси, президент Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2022
Обуна шудан
Душанбе ва Теҳрон интизори як гуфтугӯи таърихӣ ҳастанд, ки дар натиҷаи он метавонад чанд созишнома дар бахшҳои гуногун ба имзо расад
ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Пас аз ворид шудани Эмомалӣ Раҳмон ба Теҳрон музокирот дар сатҳи олӣ дар назар аст, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хадамоти матбуоти сарвари давлат.
"Дар ҷараёни музокироти дар сатҳи олӣ ба нақша гирифташуда, дар назар аст, ки дурнамои равобити дуҷониба ва бисёрҷонибаи Душанбе ва Теҳрон баррасӣ шавад", — омадааст дар хабарнома.
Интизор меравад, ки дар натиҷаи мулоқот як қатор санадҳои марбут дар соҳаҳои иқтисоду сиёсат, илму фарҳанг ба имзо расонанд.
Гуфта мешавад, сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон ду рӯз давом мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат барои анҷом додани сафари корӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кард.
Роҳбари давлатро дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, Русмати Эмомалӣ, Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.05.2022
Сафари Раҳмон ба Эрон: киҳоро бо худ бурд
Манбаъ афзуда, президентро дар ин сафар Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, прокурори генералӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, нақлиёт, молия ҳамроҳӣ карданд.
Ҳамчунин ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, раисони кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, раиси Палатаи савдо ва саноат ва дигар шахсони расмӣ сафар намуданд.
Гуфта мешавад, дар ин сафар раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода низ роҳбари давлатро ҳамроҳӣ кард.
Ёдовар мешавем, ки кишвардори Эрон, Саидиброҳим Раисӣ се маротиба ҳамтои тоҷики худ, Эмомалӣ Раҳмонро барои анҷом додани сафари расмӣ ба меҳмонӣ даъват кард
Лентаи хабарҳо
0