Дар Эрон гуфтанд, ки сабаби нокомии таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия дар чист

© Sputnik / Александр Вильф / Гузаштан ба хазинаи аксВоздушная часть парада в честь 76-й годовщины Победы
Воздушная часть парада в честь 76-й годовщины Победы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Маскав ба таҳримҳои Ғарб чуноне посух дод, ки худи онҳоро дар ҳолати ногувор қарор дод, зеро ин кишвар барои чунин бархӯрд аз қабл омодагӣ дошт
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ба далели кори системаи пардохти "Мир" ба натиҷае нарасиданд, менависад нашрияи эронии "Рисолат".
Таъкид мешавад, ки Маскав системаи маҳаллии пардохтҳои байналмилалиро пешакӣ ташкил ва мавриди истифода қарор додааст.

"Русия тавонист ба пурра қатъ шудани дастрасӣ ба SWIFT аз ҷониби Ғарб чораҳоеро ҷорӣ кунад, ки то ҳол ҳеҷ кас натавонистааст онро пешакӣ амалӣ кунад. Ғарб ҳангоми ҷорӣ кардани таҳримҳои худ, бешак, ин омилро ба назар нагирифтааст", - омадааст дар матлаби "Рисолат".

Ба бовари таҳлилгарони эронӣ, мавҷудияти низоми пардохтии "Мир" пайомадҳои қатъи кор дар ин кишвар тавассути "Visa" ва "MasterCard"-ро коҳиш додааст.
"Маҳз ҳамин омил буд, ки таъсиргузории бисёре аз таҳримҳои алайҳи Русияро бекор кард", - мегӯянд онҳо.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
"Хиҷолат накашед": Медведев гуфт, ки ба таҳримҳои зидди Русия чӣ гуна посух бояд дод
Коршиносони умур инчунин тасмими интиқоли пардохтҳо барои интиқоли газ ба кишварҳои ғайридӯст бо рублро баҳои баланд доданд. Ба ақидаи онҳо, Ғарб дар вазъияти ҳозира дар вазъияти душвор қарор гирифт.
Ба гуфтаи таҳлилгарон, пас аз ин гашти Русия Ғарб ночор монд ва ба ҷустани чораҳое даст зад, ки чӣ гуна барои хариди газ бо Маскав муомила кунад, ки на таҳримҳоро бекор созад ва на бе манобеи энержӣ монад.
Ёдовар мешавем, ки Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо дар робита ба оғози амалиёти вижаи Федератсияи Русия барои ҳифзи Донбасс алайҳи Маскав маҳдудиятҳои густарда ҷорӣ кардаанд.
Таҳримҳо ба соҳаҳои молиявӣ, энергетика, нақлиёт, технологӣ ва сиёсати раводид таъсир расонданд.
Ҳамин тариқ ИА амалиёти идоракунии захираҳо ва дороиҳои Бонки марказиро манъ кард ва ба дунболи он як қатор бонкҳои Русияро аз системаи SWIFT хориҷ сохт.
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Ин шӯхӣ нест: Путин аз хатари таҳримҳо ба иқтисод гуфт
ИМА воридоти нафти Русия, гази моеъ (LNG) ва ангиштро маҳдуд карда, баъдан арақ, маҳсулоти баҳрӣ ва алмоси сохти Русияро ба ин рӯйхат ворид кард. Инчунин бисёр брендҳои хориҷӣ кор дар Федератсияи Русияро боздоштанд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо паҳн кардани мавод тавассути расонаҳои русии "Russia Today" ва "Sputnik" мамнуъ кард ва баъдан ин ниҳодҳо видеохостинги "YouTube"-ро низ масдуд карданд. Чунин маҳдудиятҳо ба дигар расонаҳои Русия низ таъсир расониданд.
Илова бар ин Иттиҳодияи Аврупо, ИМА ва як қатор давлатҳои дигар дороиҳои хориҷии сиёсатмадорон ва соҳибкорони Русияро масдуд карда, вуруди онҳоро ба қаламрави худ низ манъ кардаанд. Рӯйхати таҳримҳо давра ба давра нав мешавад.
Лентаи хабарҳо
0