Ҷонибдории парлумон аз тағйири номи Фақирободу Мискинобод

© Sputnik / Амир ИсаевТабличка на здании парламента Республики Таджикистан
Табличка на здании парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳодҳои ҳукумат дар мавриди тағйири бархе аз ҷойномҳо дар навоҳии тобеи марказро ҷонибдорӣ кард
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон шаҳраки нав бо номи 30-солагии истиқлол сабти ном шуд. Қарор дар ин бораро Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи 10-умаш қабул намуд.
Ба иттилои дафтари матбуотии палатаи болоии парлумон, дар ҷаласаи таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод дар бораи тағйири бархе аз ҷойномҳо аз сӯйи ҳукумати ҷумҳурӣ қабул шуд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки бо пешниҳоди ҳукумат деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод ба категорияи шаҳрак ворид гардида, номаш 30-солагии истиқлол гузошта шуд.
Ҳамчунин Маҷлиси миллӣ аз иваз кардани номи деҳаи Фақирободи ноҳияи Файзобод ба деҳаи Обшорон ҷонибдорӣ намуд.
Дар ҳукумат зимни қабули ин қарор таъкид шуда буд, ки ташаббускори ин пешниҳод Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод мебошад.
Табличка на здании парламента Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Янгишаҳру Минбулоқу Қазақтар иваз шуданд: Тағйири беш аз 40 ҷойном дар Лахш
Ин дар ҳолест, ки аввали соли равон Олимҷон Муҳаммадзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфта буд, мутобиқати мавзеъҳои ҷуғрофӣ дар ҷумҳурӣ ба меъёрҳои забони тоҷикӣ омӯхта шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳи кории иборат аз намояндагони мақомоти бахши забон, идораи замин, рушди маҳал, геология ва олимони бахши забону таърих беш аз 12,5 ҳазор номи маҳаллаҳои аҳолинишину мавзеъҳои ҷуғрофиро мавриди омӯзиш қарор дод.
Ба гуфтаи раиси кумита, дар пайи омӯзиш 4 ҳазору 833 номеро ошкор намуданд, ки ғайримеъёрӣ буда, ба муқаррароти Қонуни забони тоҷикӣ мутобиқат намекунанд.
Ӯ тавзеҳ дод, ки дар феҳрасти номҳои ғайримеъёрӣ он ҷойномҳое мебошанд, ки дар замони шӯравӣ номҳои таърихии тоҷикӣ ба шакли нодуруст ё ба шакли ғайритоҷикӣ гардонда шудаанд. Муҳамммадзода гуфт, дар асоси омӯзиши маводи таъриию ҷуғрофӣ, номи асили бархе маҳаллаю мавзеъҳо барқарор гардид.
Лентаи хабарҳо
0