Назарбоев гуфт, ки аз ислоҳот ба Сарқонун дар бораи мақомаш ҳимоят мекунад

Нурсултан Назарбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти собиқи Қазоқистон гуфт, ки аз ислоҳоти Сарқонуни кишвараш, ки истиснои зикри мақоми ӯро низ дорад, пуштибонӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Раисҷумҳури нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар ҳамапурсии қарибулвуқуи рӯзи 5 июн аз ислоҳот ба Қонуни Асосии ин кишвар, ки бархе аз онҳо зикри номи ӯро аз Сарқонуни ин кишвар хориҷ мекунанд, ҷонибдорӣ мекунад.
Ӯ ин нуқтаро дар мусоҳибаи ахираш бо сиёсатшиноси қазоқ Дониёр Ашимбоев изҳор дошт.
“Бале, рӯзи 5-уми июн ман ҳатман аз ҳуқуқи худ, ки Конститутсия ба ман додааст, истифода хоҳам кард ва дар раъйпурсӣ иштирок хоҳам кард...", - афзуд ӯ.
Ӯ дар мавриди раҳбари кунунии Қазоқистон гуфт, ки тӯли ин солҳо аз ӯ (президент Қосим-Ҷомарт Тоқаев – ред.) бо ҳар имкон барои ислоҳот ва рушди минбаъдаи кишвараш пуштибонӣ мекард.
"Метавонед шубҳа накунед, ман ин дафъа низ пуштибонӣ хоҳам кард", - гуфт ӯ
Назарбоев ҳамчунин қайд кард, ки нигоҳ доштани салоҳиятҳои муайян пас аз тарки курсии президентӣ "барои гузариши ҳамвори сиёсӣ ва рафъи зиддиятҳои эҳтимолӣ дар ҷомеа ва элитаи ҳоким" зарур аст.
Первый президент Республики Казахстан Нурсултан Назарбаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2022
Ҳамсари Назарбоев аз ҳайати Комиссияи миллии умури занон хориҷ карда шуд
Қаблан хабар дода шуда буд, тағйироту иловаҳо ба Конститутсия, ки ба раъйпурсӣ пешниҳод шуда буданд, дар чаҳорчӯби нақшаи ислоҳоти сиёсии пешниҳодкардаи Тоқаев таҳия шудаанд.
Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Қазоқистон ба хотири муттаҳидсозии гузариши ниҳоии як шакли ҳукумат ба ҷумҳурии президентӣ бо парлумони бонуфуз ва ҳукумати ҳисоботдиҳанда пешбинӣ шудааст.
Тибқи ин тағйирот, ваколатҳои зиёди президент, иштироки сарвари давлат дар ташкили палатаи болоии парлумон коҳиш ёфта, таъсири ӯ ба мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллӣ маҳдуд мешавад.
Лентаи хабарҳо
0