Раҳмон ба Хоманаӣ гуфт, ҷонибдори идомаи муколамаи сиёсӣ дар сатҳи олист

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон провел встречу с Оятулло Сайидом Али Хоманейи
Эмомали Рахмон провел встречу с Оятулло Сайидом Али Хоманейи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳимояти Тоҷикистон аз узвияти комили Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай далели робитаҳои судманди ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ гардид
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо Оятуллоҳ Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари инқилоби Ҷумҳурии Исломии Эрон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Хоманаӣ барои истиқбол сипос гуфта, алоқамандияшро барои идомаи муколамаи созандаи сиёсии сатҳи олӣ баён кардааст.

"Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори тавсеаи рӯзафзуни робитаҳои гуногунарсаи ду кишвар дар рӯҳияи ҳусни тафоҳум, ҳамёрӣ, эҳтиром ва эътимоди байниҳамдигарӣ мебошад", - таъкид кардааст Раҳмон.

Манбаъ афзуд, ҷонибҳо ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башарӣ, амниятӣ ва дигар арсаҳои мавриди манфиати тарафайнро баррасӣ намудаанд.
Дар масоили амниятӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Хоманаӣ аз таҳкими ҳамкории кишварҳо дар мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва вазъи Афғонистон гуфтаанд.
Ҷонибҳо инчунин аз ҳамкориҳои судманди ду кишвар дар ҷаҳорчӯби созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Официальный прием Эмомали Рахмона в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Раисӣ: Афзоиши тиҷорати миёни Эрону Тоҷикистон шаҳодати тағйири равобити ду кишвар
"Ҳимояти Тоҷикистон аз узвияти комили Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Ҳамкории Шанхай далели боризи робитаҳои судманди дуҷонибаи ду кишвар дар арсаи байналмилалӣ арзёбӣ гардид", - омадааст дар иттилоия.
Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар садри як ҳайати воломақом феълан дар Эрон идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0