Рубл дар Тоҷикистон коҳиш ёфт: бо доллар чӣ шуд?

© Sputnik / Алексей СухоруковМонеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро.
Монеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Обуна шудан
Қурби пули русӣ давоми рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон 5,5 сомонӣ коҳиш ёфтаву қимати евро ва доллар каме боло рафтааст
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 167,5 сомонӣ аст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи гузашта 5,5 сомонӣ (152,2) кам аст.
Қурби евро бошад, дар баробари пули миллӣ каме боло рафтааст.
Тибқи нишондоди БМТ, қурби як евро 12,2083 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин дар ҳолест, ки ду рӯз қабл бар ивази як евро дар кишвар 12.1980 сомонӣ медоданд.
Арзиши пули амрикоӣ бошад, пас аз уфти якбора ҳафтаи навро бидуни тағйир оғоз кардааст.
Российский рубль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Доллар дигар лозим нест: сабаби устуворгардии рубл дар чист?
Ҳоло дар Тоҷикистон ҳар доллар 11,4000 сомонӣ арзиш дорад.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.
Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 160 сомонӣ ва зимни фурӯш 170 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 167,5 ва зимни фурӯш 172 сомонӣ аст.
Доллар дар сиёҳчола: оё юан метавонад асъори аслии ҷаҳонӣ шавад?
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 167,5 ва 171,5 сомонӣ муайян намудааст.
"Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 162 сомонӣ мехараду ба ивази 175 сомонӣ мефурӯшад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0