Сарояндаи ансамбли "Дарё" даргузашт

© Youtube / Tajik StyleБунавшабону Шокирова
Бунавшабону Шокирова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Обуна шудан
Ҳунарманди хушсадои санъати тоҷик, ки солҳои зиёде дар ансамбли овозадори "Дарё" фаъолият карда буд, аз олам даргузашт
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Бунафша Шокирова, овозхони номдори тоҷик аз олам чашм пӯшид. Марҳум 50 сол умр дошт ва солҳои зиёде дар ансамбли овозадори "Дарё" фаъолият карда буд.
Ду рӯз қабл хабарнигори тоҷик Шаҳло Наҷмиддинова хабар дода буд, ки Бунафша Шокироваро дар ҳолати вазнин ба бинои 10-уми бемористони марказии кишвар мавсум ба Қарияи Боло бистарӣ намудаанд. Ба эҳтимоли зиёд Шокирова гирифтори бемори саратон буд.
Бунафша Шокирова 18 июни соли 1972 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ӯ шеваи хоси сарояндагӣ дошт ва бештар дар ҳавои таронаҳои мардумӣ суруд мехонд.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2022
Меҳмон Бахтӣ дар Масҷиди марказӣ ҷаноза ва дар Лучоб ба хок супорида мешавад
Марҳум фаъолияти эҷодии худро аз ансамбли овозадори "Ганҷина" шуруъ кард ва сипас ба ансамбли "Дарё" гузашт. Маҳз дар ин дастаи ҳунарӣ сарояндаи марҳум маҳбубияти зиёд миёни мардум пайдо кард.
Ӯ солҳои охир дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон кор мекард. Аҳли ҳунар марги ӯро талафоти азим дар санъати тоҷик арзёбӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0