Тоҷикистон ба феҳрасти се кишвари асосии воридкунанда ба вилояти Караганда дохил шуд

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузариш ба медиабонкРабота грузового контейнерного терминала
Работа грузового контейнерного терминала - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Обуна шудан
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои Қазоқистон дар миёни бузургтарин воридкунандагони ҷаҳон, Русия ва Чин ҷойи сеюмро гирифт
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Тоҷикистон вориди се феҳрасти кишвари асосии воридкунанда ба вилояти Караганда шуд, хабар медиҳад Бюрои омори миллии минтақа.
Ҳамин тариқ бештари воридот бо ифодаи пулӣ ба ин вилоят аз Русия, Чин ва баъдан аз Тоҷикистон будааст.
Воридоти маҳсулоти Тоҷикистон 68,4 миллион долларро ташкил додааст. Мизони воридот аз Чин 137,6 миллион доллар ва аз Русия 283 миллион доллар гуфта мешавад.
Контейнеры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2022
Шарикони асосии Тоҷикистон дар содироти коло маълум шуданд
Хабар дода мешавад, ки аз ҷумҳурӣ ба Қазоқистон асосан маъдани мис, маҳсулоти металлургии сиёҳ, ангишт ва ғайра содир мешуд. Қаблан Тоҷикистон хабар дода буд, ки содироти коло аз ин кишвар дар се моҳи аввал башиддат коҳиш ёфта, танҳо ба нисфи арзиши ҳамин давраи соли 2021 баробар аст.
Ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 116,7 миллион доллар камтар аст.
Бо ин вуҷуд, тибқи натоиҷи семоҳаи аввали соли ҷорӣ, мизони табодули коло миёни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ дар як сол 43 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар маҷмуъ он 901 миллион долларро ташкил дод.
Воридоти мол дар семоҳа 43 фоиз афзуда, беш аз 1,2 миллиард долларро ташкил дод. Ба ҳисоби пулӣ афзоиши он 362,7 миллион долларро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0