Зас аз се таҳдиди даҳшатнок ба ҷаҳон ҳушдор дод

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксГенеральный секретарь ОДКБ Станислав Зась
Генеральный секретарь ОДКБ Станислав Зась  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Хавфҳои асосӣ ба СААД дар шароити ноустувории ҷаҳонӣ шадидтар мешаванд: созишномаҳое, ки даҳсолаҳо вуҷуд доштанд, воқеан аз кор монданд
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Системаи амнияти ҷаҳонӣ дар айни замон буҳрони шадидро аз сар мегузаронад. Дар ин бора дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ Станислав Зас изҳор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, хатароти аслӣ барои СПАД ҳамоно минтақаҳои даргир дар наздикии марзҳои кишварҳои узви ин иттиҳод мебошанд.
Пеш аз ҳама ин ҷо манзур фаъол шудани НАТО дар Аврупои Марказӣ ва Шарқӣ, низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ, хатарҳои марбут ба вазъ дар Афғонистон аст.

"Чолишҳо ва таҳдидҳои минтақаӣ на танҳо шиддати худро гум накардаанд, балки ба далели афзояндаи номуайянии ҷаҳонӣ, онҳо тамоюли афзоишёбӣ доранд", - гуфт Зас.

Вай ёдовар шуд, ки мавқеи принсипиалии СПАД зарурати ҳалли сиёсии низоъҳост.
Зас ҳамаи қувваҳоеро, ки вазъияти амнияти байналхалқӣ ба онҳо вобаста аст, даъват намуд, вазъияти буғранҷро ба эътидол оваранд.
Дабири кулли ин созмон гуфт, ҳоло тавофуқҳое, ки даҳсолаҳо вуҷуд доштанд, воқеан эътибор надоранд ва "сатҳи нобоварӣ байни шуморе аз бозигарони пешсаф ба як нуқтаи муҳим расидааст".
Президент РФ В. Путин принял участие во внеочередном заседании Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2022
Путин созишномаи СПАД дар бораи амалиёт ва кумаки ҳуқуқиро тасвиб кард
Ҳамзамон СПАД барои таҳкими сулҳу субот дар кишварҳои узви ин иттиҳодия чораҳои зарурӣ меандешад ва ҳамеша омодааст, ки манфиатҳои онҳоро ҳимоя кунад, афзуд Зас дар суҳбат бо "Парламентская газета".
Қаблан полковник Эдуард Еритсян, муовини сардори Раёсати сиёсати дифои Вазорати дифои Арманистон аз афзоиши таҳдидҳои густарда дар марзҳои кишварҳои СПАД хабар дода буд.
Зас омодагии СПАД-ро барои посух ба таҳдидоти ношӣ аз густариши НАТО эълон кард
Вай инчунин диққатро ба он ҷалб намуд, ки вазъияти ҳарбию сиёсии ҷаҳон ноором шуда истодааст.
Дар ин замина ба СПАД зарур аст, ки барномаи бархӯрд ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақаиеро, ки ба манфиатҳои кишварҳои узви ин созмон дахл доранд, таҳия намуда, ҳамоҳангсозии сиёсати хориҷӣ ва дастгирии ҳамдигарро амиқтар намоянд.
Лентаи хабарҳо
0