Рубл надод: "Газпром" интиқоли газ ба ширкати ҳолландии "GasTerra"-ро комилан қатъ кард

© Sputnik / СтрингерГазодобывающее предприятие
Газодобывающее предприятие - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Обуна шудан
"Газпром" интиқоли газ ба ширкати ҳолландии "GasTerra"-ро ба далели напардохтани пули манбаи энержӣ бо асъори русӣ қатъ кард
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. "Газпром" интиқоли газро ба "GasTerra"-и Ҳолландия ба далели саркашӣ аз пардохт бо рубл тибқи нақшаи нав комилан қатъ кард, гуфта мешавад дар "Telegram-канал"-и ширкати русӣ.
Тибқи гузоришҳо, то 30 май "Газпром экспорт" барои интиқоли газ дар моҳи апрел аз "GasTerra", тибқи талаботи нав, ки президенти Русия содир кард, маблағ дарёфт накардааст.
Ахиран ширкати энержии Ҳолланд аз худдорияшро барои пардохти пули интиқоли сӯзишвории кабуд аз Русия бо рубл эълон кард, ки баъд аз он "Газпром" онро аз қатъи интиқол 31 май огоҳ кард ва дар натиҷа тақрибан ду миллиард метри мукааб газ мувофиқи шартномаи мавҷуд ба ин кишвар дода намешавад.
Дар пасманзари афзоиши фишори таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ ба далели амалиёти вижа дар Украина аз 1 апрел Маскав ба қабули пардохтҳои газ аз кишварҳои ғайридӯстро бо рубл оғоз кард, то аз ҳисоббаробаркуниҳо бо доллару евро дур шавад.
Трубопровод Gazela для транспортировки российского газа в ЕС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Комиссари ИА дар бораи вобастагӣ ба гази Русия: "Мо хасис будаем"
Владимир Путин таъкид кард, ки даст кашидан аз фаъолият бо пули русӣ ҳамчун иҷро нашудани уҳдадориҳо дар асоси қарордодҳо арзёбӣ мешавад.
Тибқи нақшаи нав, "Газпромбонк" барои ҳисоббаробаркуниҳои муштариёни хориҷӣ ҳисобҳои махсуси асъори хориҷӣ ва рубл боз мекунад. Харидор метавонад ба суратҳисоби аввал бо асъори дар шартномаи таҳвили сӯзишвории кабуд пешбинишуда маблағ гузаронад, бонк онро дар биржаи Маскав мефурӯшад ва пас аз он ба суратҳисоби харидори газ рубл ворид мекунад, ки дар натиҷа он метавонад "Газпром"-ро пардохт кунад.
Дар охири моҳи апрел ширкати "Газпром" интиқоли маводи сӯхт ба Булғористон ва Лаҳистонро ба далели напардохтани пули он бо пули русӣ қатъ кард.
Дар баробари ин ширкат ҳушдор дод, ки агар София ва Варшава ба гирифтани ғайриқонунии маводи сӯхт шуруъ кунанд, транзит ба кишварҳои дигар коҳиш хоҳад ёфт. Аз 21 май инҷониб интиқоли газ ба Финландия қатъ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0