Ҷаҳиши рекордии рубл дар Тоҷикистон: 10 сомонӣ боло рафт

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Асъори русӣ на танҳо коҳиши як рӯз қаблияшро баргардонд, балки афзоиши худро низ ба таври рекордӣ дар баробари сомонӣ тақвият додааст
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, ҳоло арзиши 1000 рубли русӣ дар бозори арзи кишвар 177 сомонӣ аст.
Ин нишондиҳанда нисбат ба охири ҳафтаи қаблӣ 10 сомонӣ (167) зиёд аст.
Маврид ба зикр аст, ки тайи рӯзҳои истироҳатии гузашта 1000 рубл аз 173 ба 167 поин омад, аммо қурбе, ки ҳоло БМТ нашр кардааст, болотарин нишондиҳандаи асъори русӣ аст.
Қурби евро бошад, ба таври муътадил боло меравад.
Тибқи нишондоди БМТ, қурби як евро 12.2641 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл бар ивази як евро дар кишвар 12,2083 сомонӣ медоданд.
Доллар устувории муқаррарии худро нишон дода, ҳоло дар кишвар 100 доллар 11.4000 сомонӣ арзиш дорад.
Российский рубль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Доллар дигар лозим нест: сабаби устуворгардии рубл дар чист?
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд.
Дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 170 сомонӣ ва зимни фурӯш 180 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" ҳазор рубл феълан зимни харид 175 ва зимни фурӯш 182 сомонӣ аст.
Доллар дар сиёҳчола: оё юан метавонад асъори аслии ҷаҳонӣ шавад?
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 175 ва 177 сомонӣ муайян намудааст.
"Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 170 сомонӣ мехараду ба ивази 179 сомонӣ мефурӯшад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0