Дар Хуҷанд зане кӯдаки аз зино таваллудкардаашро кушт, то шавҳар хиёнаташро нафаҳмад

© Sputnik Женщина плачет, архивное фото
Женщина плачет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар шимоли Тоҷикистон нерӯҳои пулис куштореро ошкор карданд, ки бо дасти модар содир шудааст. Дар сурати тасдиқи иттиҳом ӯро то 15 соли зиндон интизор аст
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Як модари ҷавон дар шаҳри Хуҷанди вилояти Cуғд тифли худсолашро ба ҳалокат расонидааст, хабар медиҳад Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақа.
Тиқи гузориши ин ниҳод, бо иттиҳоми одамкушӣ ҳоло модари кудак Мутриба Розиқоваи 26-сола боздошт шудааст.
Ин ниҳод дар шаҳри қазия мегӯяд, гумонбаршуда бо мақсади пинҳон кардани хиёнат ба шавҳараш фарзанди аз дигар мард таваллуд кардаашро бо роҳи маҷбурӣ ба ҳалокат расонидааст.

"Ӯ дар куштори фарзанди навзоди худ, ки 26 майи 2021 таваллуд карда, наздики як сол тарбият карда буд, гумонбар аст", - афзуд манбаъ.

Номбурда дар зимни тафтишот иқрор кардааст, ки бо мақсади пинҳон кардани хиёнат ин корро 23 апрел анҷом дода ва ба атрофиён гуфтааст, ки фарзандаш аз таби баланд фавтид.
Аммо маълумот ба мақомот расидааст, ки кудаки солим ба таври ногаҳонӣ фавтида ва пайвандони бе ин ҳам ба рафтори келини хонадон шубҳадошта ба табиӣ будани марги хурдсол бовар накардаанд.
Ҷавонзан зимни бозпурсӣ ба мақомот гуфтааст, ки аз тарси хонаводагиҳояшон ин корро анҷом додааст, зеро онҳо гуфтаанд, ки кудакро аз ташхиси генетикӣ (ДНК) мегузаронанд.
Гуфта мешавад, модар тавассути доштани роҳи нафаси фарзанд дар дохили гаҳвора ӯро бӯғӣ кардааст.
ВУД мегӯяд, айни ҳол аз рӯйи ҳодиса бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки моддаи мазкур маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то понздаҳ солро пешбинӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0