Омодагиҳо барои мубориза бо обчакони ҳамдуна дар Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Министерства здравоохранения
Здание Министерства здравоохранения  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Обуна шудан
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мутахассисонашро барои мубориза бо маризии сироятии обчакони ҳамдуна ё обилаи маймун омода мекунад
ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар Афғонистон, кишвари ҳамсояи Тоҷикистон, аз ду мавриди гирифторӣ ба маризии сироятии обчакони ҳамдуна хабар мерасад.
Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ниҳод аввалин нишасти омӯзишиашро бо ширкати мутахассисони сироятшиноси сатҳи ҷумҳурӣ баргузор кард.
"Мо ба омӯзиш ва ҷамъоварии мавод машғулем, то мутахассисонро барои мубориза бо ин маризии сироятӣ омода кунем. Як тренинг бо мутахассисон дар сатҳи миллӣ баргузор шуд, ки дар он ҳудуди 20 пизишки соҳа ширкат доштанд. Пас аз ҷамъоварии мавод, ки аз сӯи мутахассисони сатҳи миллӣ анҷом хоҳад шуд, баргузории тренингҳо дар шаҳру навоҳии кишварро тарҳрезӣ кардаем”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Врач в лаборатории делает анализы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Эпидемиологи рус дар бораи эҳтимоли расидани обилаи маймун то Тоҷикистон
Дар ҳамин ҳол, ду воқеаи машкук ба обилаи маймун ё обчакони ҳамдуна дар вилояти Нимрӯзи Афғонистон, ҳамсоякишвари Афғонистон сабт шудааст.
Ин ду маврид рӯзи шанбе, 28 май, аз ду тане, ки аз Эрон радди марз шуда, яке 16 ва дигарӣ 19 сол син доранд, ошкор шудаанд.
Сардори Раёсати амнияти эпидемиологии Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, вуруди маризии сироятӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон хеле баъид аст, зеро марзҳои ду кишвар баста ҳастанд.
"Танҳо ҷое ки хавфи вурудаш ҳаст, Аврупо аст, ки аз ин зовия низ хатар ҷиддӣ нест, зеро дар Аврупо шахси маризро то афтидани калахши сиёҳ табобат мекунанд ва афроди ба тамос будаашро то 21 рӯз қарантина мекунанд. Ин хатари афзоиши маризиро коҳиш медиҳад”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Башарият дар хатар: изҳороти ҳайратангези Вазорати дифои Русия дар бораи обилаи маймун
Бемории обчакони ҳамдуна ё обилаи маймун як маризии нодирест, ки одамонро низ сироят мекунад. Беморӣ одатан сабук мегузарад ва дар аксари маврид мариз дар давоми чанд ҳафта шифо меёбад, аммо баъзеҳо метавонанд онро бо мушкилӣ паси сар кунанд.
Аломатҳои аввалини беморӣ табларза, дарди сар, дарди мушакҳо, дарди пушт, сармохӯрӣ ва хастагӣ мебошад. Одамоне, ки алайҳи бемории обчакони ҳамдуна ваксина шудаанд, аз ин вирус эмин хоҳанд буд, аммо эмкунии ҳатмӣ бар зидди ин беморӣ дар охири асри гузашта аз байн рафт.
Лентаи хабарҳо
0