Сели харобиовар дар Ашт ҳафт пул ва ҳашт километр роҳро хароб кард

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкПоследствия ливневых дождей
Последствия ливневых дождей  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Обуна шудан
Бар асари омадани сел дар Ашт талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале ин сел заминҳои кишт ва роҳу пулҳои зиёдро хароб карда
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд сел омад, ки дар пай хисороти зиёд дошт.
Ба иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бар асари ин офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале сокинон зарари зиёд дидаанд.
Аз ҷумла ҳафт пул, ҳашт километр роҳи даштиро сел хароб кард. Илова бар ин сел 32 қитъаи замини наздиҳавлигии сокинонро пур аз лоиқа намудааст.
Аксу видеоҳои сели харобиовар дар ноҳияи Ашт ба шабакаҳои иҷтимоӣ низ роҳ ёфтаанд. Сокинони ин ноҳия ҳавлию заминҳо ва роҳу пулҳоро сабт намуданд, ки чӣ гуна селу лоиқа онҳоро пур кардааст.
Дар яке аз ин видеоҳо маълум аст, ки сел ба манзили сокини маҳаллӣ наздик омадааст ва мардум ба кӯмаки соҳибони ин хона омада, онҳоро на аз дар, балки аз тариқи тиреза берун мекунанд.
Затопленная проезжая часть после ливня в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2022
Зарари борону обхезӣ дар Душанбе: аз мактаби президентӣ то эстокадаи маҳаллаи 82
КҲФ мегӯяд, феълан барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ тамоми қувваю воситаҳои зарурии вилоят сафарбар карда шуда буданд. Ҳамчунин барои муайян кардани ҳаҷми хисорот комиссияи ҳолатҳои изтирорӣ фаъолият мекунад.
Ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи тобеи марказ боришоти шадиди борону жола сурат гирифт, ки дар натиҷа роҳҳои мошингард, таҳхонаи аксари манзилҳои зист ва иншоот аз обу лой пур шуд.
Кумита хабар дода буд, ки дар Душанбе 248 ҳавлии сокинонро аз лоиқа тоза намуданд.
Илова бар ин селу сангрезӣ роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқро низ масдуд карда буд.
Лентаи хабарҳо
0