Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Силоҳи махфӣ"-и Русия низомиёни Украинаро ба даҳшат овард

© Sputnik / Игорь Зарембо / Гузаштан ба хазинаи аксРеактивная система залпового огня "Град". Архивное фото.
Реактивная система залпового огня Град. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Силоҳҳои Русия, ки тавонистаанд ҳамлаи артиши Украинаро боздоранд, коршиносонро ҳайратзада кард: он чӣ гуна силоҳ аст, аз маводи зер дарёбед
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. "Яроқи махфӣ"-и Русия ҳамлаи муқобили нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро дар наздикии Херсон ҷилавгирӣ кард. Низомиён ду кӯшиш анҷом доданд, ки натиҷа надод.
Ба гуфтаи шоҳидон, нерӯҳои мусаллаҳи Украина зери зарбаҳои ногаҳонӣ ва таркишҳо қарор гирифтанд. Дар ҳоле, ки касе садои тиру туфангро нашунид.
Силоҳҳои пурасрор боиси баҳси коршиносони низомӣ шудааст. Онҳо ҳадс задаанд, ки инҳо метавонанд минаҳои PTKM-1R бошанд, ки аз соли 2020 истеҳсол мешаванд, менависад Life.
Ин гуна яроқ ба мошинҳои зиреҳпӯши душман дар масофаи то 50 метр зарба зада метавонад.
Минаҳо бо датчикҳои махсус ҷиҳозонида шудаанд. Онҳо дар масофаи то 250 метр ҳаракати одамон, техника ва воситаҳои нақлиётро мешиносанд.
Металлургический комбинат Азовсталь в Мариуполе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия: Дар "Азовстал" ҷасади низомиёни украинӣ мингузорӣ шудааст
Бояд гуфт, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина ду ҳафта ба ҳамлаи ҷавобӣ дар наздикии Херсон омодагӣ мегирифтанд.
Ба гуфтаи Кирилл Стремусов, муовини раиси маъмурияти низомиву шаҳрвандии вилоят, низомиён танҳо барои куштор фиристода шудаанд.
Вай ба мақомоти Киев ҳушдор дод, ки кӯшиши оғози амалиёти зиддиҳамлаҳои нав бемаънӣ ва бефоида аст.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи мардум, ки тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд", номид.
Бозёфт дар "Азовстал" муфаттишонро ба ҳайрат овард: видеои шоҳидони айнӣ
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо қисмҳои низомӣ ва нерӯҳои Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт мардуми осоиштаро таҳдид намекунад.
Даври чаҳоруми музокироти ҷонибҳои Русия ва Украина дар Туркия баргузор шуд.
Дар "Азовстал" ҷангҷӯёни пинҳоншудаи украинӣ боздошт шуданд
Қабл аз ин ҳайатҳои ду кишвар дар қаламрави Белорус се бор мулоқот карда, баъдан музокирот дар формати видеоӣ идома ёфт.
Ба гуфтаи роҳбари ҳайати Русия, ёвари президент Владимир Мединский, ин музокира созанда буд. Вай таъкид кард, ки Русия пешниҳодҳоро аз Украина барои баррасӣ гирифтааст.
Ахиран президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон омодагии худро барои ташкили музокироти навбатии тарафҳо изҳор дошт.
Лентаи хабарҳо
0