Сафир: Ӯзбекистон миёни шарикони тиҷории Тоҷикистон ба зинаи 4-ум баромад

© Пресс-служба Республики УзбекистанаПрезидент Узбекистана принял посла Республики Таджикистан Абдужаббора Рахмонзода
Президент Узбекистана принял посла Республики Таджикистан Абдужаббора Рахмонзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Қариби 8%-и савдои хориҷии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон рост меояд ва ин кишвар дар зинаи чоруми шарикони асосии тиҷорӣ қарор гирифтааст
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тайи моҳҳои январ-апрели соли равон ба 173,6 млн доллар баробар гардид.
Дар ин бора Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Тошканд бо нашри як матлаб хабар дода афзуд, ки ҳиссаи ҶӮ дар ҳаҷми гардиши савдои хориҷии ҶТ 7,9%-ро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи сафир, савдо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар 4 моҳи аввали соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 40,5 млн доллари ИМА ё 30,4% афзоиш ёфтааст.
Вай ҳамчунин ба афзоиши бемайлони тиҷорат миёни ду кишвари ҳамсоя таъкид карда, омори солҳои охирро далел овардааст.
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон меравад
Аз ҷумла изҳор доштаст, ки агар дар соли 2018 гардиши савдои молу маҳсулот миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 287 млн доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, пас ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 362 млн доллар ва дар соли 2020 ба 333,8 млн доллар ва соли 2021 ба 447,8 млн доллар баробар гардидааст.
"Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ 129,6 млн доллари ИМА ё 28% ба содирот ва 318,2 млн доллар ё 72% ба воридоти молу маҳсулот рост меояд", - изҳор дошт сафир.
Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ба Ӯзбекистон асосан нерӯи барқ, семент, нахи пахта, арматура, алюминийи аввалия содир карда, аз он ҷо гази табиӣ, нуриҳои минералӣ, маҳсулоти нафтӣ, техникаи маишӣ, маҳсулоти керамикӣ, чӯб ва маҳсулот аз он, таҷҳизоти электрикӣ ва ғайра мехарад.
Лентаи хабарҳо
0