Вилоятҳои Херсон ва Запороже ба алоқа ва интернети Русия гузаштанд

© APПрохожие на аллее Славы в центре Херсона
Прохожие на аллее Славы в центре Херсона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Русия вилоятҳои Херсон ва Запорожеро бо хатти интернет ва алоқа таъмин кардааст. Сокинони ин манотиқро кофист, танҳо симкортҳои ширкатҳои русиро харидорӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 28 май - Sputnik. Вилоятҳои Херсон ва Запороже ба алоқаи мобилӣ ва интернети Русия гузаштанд, гуфт Олег Крючков, мушовири раҳбари Қрим оид ба сиёсати иттилоотӣ ба РИА "Новости".

"Дар қаламравҳои озодшуда ҳоло танҳо интернет ва иртиботи Русия барқарор аст. Дар воқеъ, ин поёни таблиғоти Украина аст ва манораҳои баланди дурӯғҳои Зеленский афтиданд", - гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи ӯ, дар замони худ, ки мақомоти Киев бидуни огоҳӣ нимҷазираро аз алоқаи мобилӣ ҷудо карда буданд, қримиҳо аллакай бо чунин вазъият рӯ ба рӯ шудаанд. Ин таҷриба имкон дод, ки ба чунин рушди рӯйдодҳо омода шаванд ва ба қаламравҳои озодшуда зуд алоқаи мобилии Русия ва интернет гузарад.
Ҳоло барои алоқа сокинонро кофист, симкортҳои оператори русиро, ки аллакай ба фурӯш гузошта шудаанд, харидорӣ кунанд, хулоса кард Крючков.
Военнослужащие Росгвардии в Херсонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2022
Вилояти Херсон марзҳоро бо минтақаҳои таҳти назорати Украина баст
Қаблан маъмурияти низомию шаҳрвандии вилояти Херсон бо дархости кумак дар барқарор кардани иртиботи мобилӣ дар минтақа ба Маскав муроҷиат карда буд, зеро артиши Украина ҳангоми тирпаронӣ хатти телефонро қатъ карда, дар шабакаи магистралӣ садамаи густардаеро ба вуҷуд оварда буд.
Дар пайи ин рӯйдодҳо корбарон аз вилоятҳои Херсон ва Запороже бе алоқаи мобилӣ монданд. Дар минтақаҳо ҳам операторони мобилии Украина ва ҳам Русия кор мекарданд.
Маврид ба зикр аст, қаблан гуфта мешуд, ки вилояти Запороже ба вақти Москва гузашт ва дигар ягон нишонае ба вақти Киев ва гузаштан ба вақти зимистонию тобистонӣ нест.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомиро барои безарарсозии Украина оғоз кард.
Президенти Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки 8 сол боз таҳти таъқибу генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Мелитополь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вилояти Запороже ба вақти Маскав гузашт
Ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом шуда, тамоми масъулини "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо дар бораи ишғоли Украина сухане нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Ба гуфтаи вазорати дифоъ, то охири моҳи март артиши Русия вазифаҳои асосии марҳалаи аввалро анҷом дод - он зарфияти ҷангии Украинаро ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дод. Ҳадафи асосӣ дар ин ниҳод озодкунии Донбасс номида шуд.
Лентаи хабарҳо
0