Фавти 55 нафару барканории 12 мансабдор дар Суғд: омор

© SputnikРабочий на стройке
Рабочий на стройке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Масъулини Иттифоқҳои касаба фаъолияти шашсолаи худро баррасӣ намуда гуфтанд, ки дар ин солҳо чанд коргар дар ҷойи кор фавтиду чанд мансабдор барканор шуд
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар вилояти Суғд дар давоми шаш сол дар сохтмонҳо 55 нафар фавтидаву 12 мансабдор аз вазифа сабукдӯш шудааст.
Дар ин бора Шарифулло Абдуллозода, раиси Иттифоқҳои касаба дар вилояти Суғд дар як ҷаласа гузориш дод.

"Ҳодисаҳои нохуш асосан дар соҳаи сохтмон, саноат, комплекси агросаноатӣ ва нақлиёт ба қайд гирифта шудаанд", – изҳор намуд, раиси Иттифоқҳои касаба.

Абдуллозода гуфт, дар ин давра нозирони меҳнат 72 дастгоҳ ва 24 участкаи истеҳсолиро ошкор намудаанд, ки истифодаи онҳо барои саломатӣ таҳдидкунанда арзёбӣ гардида, бо сабаби хилофи талаботи меъёрӣ будан фаъолияти онҳо боздошта шуд.
Раиси Иттифоқҳои касаба афзуд, дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба 42 мансабдор бинобар зоҳир намудани муносибати хунукназарона ба корфармоён чораҳои интизомӣ андешида шуда, 12 нафар тибқи талаботи нозироти меҳнат муҷозот ва аз мансаб озод гаштаанд.
Рӯзи Дониш дар шаҳри Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Муҷозоти беш аз 800 падару модар дар Суғд барои бемасъулиятӣ нисбати фарзандон
Масъулони ҳифзи ҳуқуқи коргарон гуфтанд, ки давоми шаш солу се моҳ дар 4148 корхонаҳои Суғд таҳлилу санҷиш гузаронида, 11 518 мавриди қонуншикании марбут ба муносибатҳои меҳнатиро ошкор кардаанд.
Барои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта 600 амрнома ба унвонии корфармоён ирсол гардида, иҷроиши онро нозирони меҳнат зери назорат гирифтаанд.
Дар ин муддат 26 коргароне, ки беасос аз кор хориҷ шуда буданд, дубора ба ҷойи кори худ барқарор гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0