Баъди танаффуси коронаӣ: Тоҷикистон парвозҳо ба Аврупою Осиёро барқарор мекунад

CC BY 2.0 / Papas Dos / P4-SOM B739(ER) Somon Air DME UUDDСамолет компании "Сомон Эйр", архивное фото
Самолет компании Сомон Эйр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Парвозҳое, ки аз Тоҷикистон ба бархе аз кишварҳои Осиё ва Аврупо дар замони хуруҷи пандемияи коронавирус мутаваққиф гардида буданд, аз сар гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Олмон аз 6-уми июн дигарбора барқарор мешаванд, хабар дод ширкати "Somon Air".
Ба иттилои манбаъ, парвозҳо дар масири Душанбе – Мюнхен – Душанбе ҳафтае як бор, рӯзҳои душанбе сурат мегиранд. Парвоз аз Тоҷикистон соати 06:00, аз Олмон соати 11:30 ба вақти маҳаллӣ дар назар аст.
Дар мавриди арзиши сафар таъкид шудааст, ки чипта дар бахши тиҷорӣ ё ба истилоҳ бизнес-класс 607 евро, муодили 7,4 ҳазор сомонӣ ва дар қисмати муқаррарӣ ё худ эконом 427 евро - 5,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Бозгашт аз Олмон ба Тоҷикистон мутаносибан 672,52 евро ё 8,2 ҳазор сомонӣ ва 492,52 евро ё 6 ҳазор сомонӣ нарх хоҳад дошт. Вақти сафар тақрибан 6 соатро дар бар мегирад.
Сомон Эйр представила новую униформу для бортпроводников и пилотов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.05.2022
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
"Сомон эйр" парвозҳои мунтазам ба Қазон ва Новосибирскро аз сар мегирад
Ин дар ҳолест, ки ахиран Азиз Набизода, ноиби Ожонси ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон гуфт, дар моҳи июн парвозҳои мустақим аз Душанбе ба Чин барқарор мешаванд. Азсаргирии парвоз дар масири Душанбе - Урумчӣ - Душанбе баъди танаффуси дусола рӯзи 23 июн дар назар аст.
Ба таъкиди Набизода, парвози нахустинро ширкати ҳавопаймоии "China Southern Airlines" анҷом медиҳад. Ҳамин тариқ дар ду ҳафта як парвоз ва моҳе ду парвоз амалӣ хоҳад шуд, ки якеро "Somon Air" ва дигарро "China Southern Airlines" анҷом медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли 2020 робитаи ҳавоии миёни Тоҷикистону Чин канда шуд. Ин кор ба далели авҷ гирифтани коронавирус сурат гирифт ва Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии вируси COVID-19 марзашро ба рӯйи Чин баст.
Лентаи хабарҳо
0