Пешгӯии коршинос дар мавриди қурби рубл

© Sputnik / Максим БлиновРубль и доллары
Рубль и доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Обуна шудан
Рубли Русия пас аз беқурбшавии шадид дар моҳи март тавонист бираҳаду дар май то сатҳи соли 2018 устувор шавад. Коршинос аз ояндаи арзиши пули Русия гуфт
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Қурби доллари амрикоӣ, ки моҳи май то 56 рубл поин рафта буд, ба иттилои таҳлилгари "БКС Мир инвестиций", метавонад дар сатҳи боз поинтар қарор бигирад.
Қурби рубл дар баробари асъор устувор шуд, чун талабот ба пулҳои хориҷӣ коҳиш ёфт, изҳор дошт коршиноси "БКС Мир инвестиций" Аяз Вилданов дар суҳбат бо хабаргузории "Прайм".
"Талаботи кам ба асъори хориҷӣ аз ҳисоби назорати ҳаракати пул ва коҳиши якбораи воридот ба вуҷуд омадааст", - шарҳ дод таҳлилгар.
Вилданов қайд кард, ки ахиран қурби рубл ҳудуди 10% заиф шуд, ки натиҷаи иқдоми Вазорати молия барои сабук кардани назорати сармоя ва сиёсати мулоими пулию қарзии Бонки Русия мебошад.
"Аммо як қатор омилҳо, аз ҷумла коҳиши эҳтимолии минбаъдаи воридот, номуайянӣ дар бозори асъор, инчунин идомаи фурӯши ҳатмии даромади асъор аз ҷониби содиркунандагон метавонанд қурби долларро ба 55-60 рубл расонанд”, - таъкид кард коршинос.
Ин дар ҳолест, ахиран муовини аввали раиси Бонки марказии Русия Ксения Юдаева изҳор дошт, ки маҳдудиятҳои ҷории хариди асъори нақд дар кишвар эҳтимол то моҳи сентябр нигоҳ дошта шавад.
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Исломӣ: Бонкдори тоҷик низоми ояндадори молиявӣ дар Тоҷикистонро гуфт
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Бонки марказии Русия маҳдудиятҳои муваққатии амалиёт бо асъори нақдро сабуктар кард. Аз ҷумла аз 20 май ташкилотҳои қарзӣ метавонанд ба русиягиҳо ҳар гуна асъори нақди хориҷиро бидуни маҳдудият ба истиснои доллар ва евро фурӯшанд.
Дар зимн маҳдудиятҳои феълӣ дар фурӯши доллар ва еврои нақд боқӣ мондаанд. Муҳлати амали ин маҳдудиятҳо феълан то 9 сентябр дар назар аст. Шаҳрвандон метавонанд танҳо он доллару евроеро, ки бонкҳо аз 9 апрел гирифтаанд, харидорӣ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0