Соҳибкорони шаҳри Роғун 78 бинои нав бунёд мекунанд

© Sputnik / Амир ИсаевГород Рогун с высоты
Город Рогун с высоты  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар шаҳри Роғун аз нисф зиёди сохтмони дар нақшабударо соҳибкорон месозанд. Ҳамагӣ дар ин минтақа бунёди 105 бинои нав дар назар аст
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Дар шаҳри Роғун то 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон 105 бинои нав бунёд мешавад.
Ҳамин тавр аз нисф зиёди ин сохтмонҳоро соҳибкорони маҳаллӣ месозанд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Бино ба гузориши сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Роғун Шоира Раҷабалиева, аз иншооти сохташаванда 8 адади он аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ сохта мешаванд.
19 адади дигар аз ҳисоби буҷаи маҳаллию сармояи хориҷӣ ва 78 бинои боқимонда аз ҷониби соҳибкорон сохта мешаванд. Дар ҳудуди шаҳри Роғун 284 соҳибкор фаъолият мекунад.
Зимнан дар шаҳри Роғун иншооти зиёди ҷашнӣ, аз ҷумла дар кӯчаи 25-солагии истиқлолият 38 бино, дар шаҳраки Оби Гарм 14, дар ҷамоати деҳоти Қади Об 43 ва дар ҷамоати деҳоти Сичароғ 10 бино бунёд мегардад, ки дар умум 105 сохтмонро ташкил медиҳанд.
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Боздиди Қоҳир Расулзода аз сохтмони "Роғун": шароити кор чӣ гуна аст?
Дар ин бора зимни вохӯрии масъулини шаҳри Роғун бо соҳибкорону фаъолон баён гардидааст.
Дар мулоқот бо соҳибкорону фаъолон раиси шаҳри Роғун Сунъатулло Саидзода гуфтааст, ки "ҳамкории соҳибкорон бо мақомоти шаҳри Роғун сол то сол қавӣ гардида, ин гувоҳи дастгирии сиёсати давлатӣ, рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои мардум мебошад.
Мақомоти шаҳр интизор доранд, ки шаҳри Роғун ояндаи наздик бояд ба яке аз марказҳои фарҳангиву сайёҳӣ ва муаррифи маданияти баланди меҳмоннавозии тоҷикон табдил мегардад, зеро таваҷҷуҳи сайёҳон ба ин мавзеъ торафт зиёд мешавад.
НБО Роғунро кӣ "мебардорад": Тоҷикистон донори байналмилалӣ меҷӯяд
Бо ин мақсад бо истифода аз обҳои шифобахш ва табиати зебои диёр ҷиҳати фароҳам овардани шароити муосир барои рушду ривоҷи соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби масъулин мунтазам тадбирҳо андешида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0