Баҳси бунёди нерӯгоҳҳои муштарак миёни Душанбе ва Тошканд

© PixabayЛампочка
Лампочка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомдорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мавриди якҷоя бунёд кардани нерӯгоҳҳои барқӣ гуфтушунид доранд. Қаблан чунин ниятро роҳбарони ду давлат баён карда буданд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Ҳамкорӣ дар бахши энержӣ ва об аз масоили меҳварии музокироти мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад.
Дар ин бора Ҳукумати Ӯзбекистон бо нашри як иттилоия хабар дода афзуд, ки дар назар аст, муштаракан нерӯгоҳҳои обӣ бунёд шаванд. Таъкид шудааст, ки ин масъала дар мулоқоти Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон бо ҳамтои ӯзбекаш Сардор Умурзоқов баррасӣ гардид.
"Ба таври алоҳида масоили ҳамкорӣ дар бахши энержӣ ва захираҳои об, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштараки бунёди иқтидорҳои нави тавлиди нерӯ баррасӣ гардиданд", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки сохтмони муштаракаи нерӯгоҳҳо дар дарёи Зарафшонро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон ҳадаф гузошта буданд.
Аз ҷумла моҳи июни соли гузашта зимни сафари Мирзиёев ба Душанбе созиш шуд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон барои таҳияи асоснокии техникию иқтисодӣ, сохтмон ва истифодаи ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон як ҷамъиятро таъсис диҳанд.
Қаблан Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон арзиши лоиҳавии ду нерӯгоҳи обӣ дар Тоҷикистонро ҳудуди 552 миллион доллар гуфта буд.
Открытие первого гидроагрегата на Рогунской ГЭС в Таджикистане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Тоҷикистон харидори умедбахши нерӯи барқи "Роғун"-ро пайдо кард
Аз ҷумла гуфта шуд, ки дар назар аст, аввал нерӯгоҳи барқи обии Ёвон бо арзиши 282 миллион доллари амрикоӣ бо иқтидори 140 Мвт ва 700-800 миллион кВт/соат бунёд гардад. Дар марҳилаи баъдӣ сохтмони нерӯгоҳ дар Фондарё баррасӣ мешавад, ки арзиши лоиҳавии он 270 миллион доллар ва иқтидораш 135 МВТ-ро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, маблағгузории сохтмони ду нерӯгоҳ аз ҳисоби пули қарзу грант ва саҳми ҷонибҳо дар хазинаи оинномавии нерӯгоҳҳои бунёдшаванда дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0