Фишори ронанда баланд шуду мошинро чаппа кард: садамаҳои маргбор дар Тоҷикистон

© Фото : Сайт МВД ТаджикистанаНа автотрассе Душанбе-Худжанд в результате ДТП погибли три человека
На автотрассе Душанбе-Худжанд в результате ДТП погибли три человека  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Обуна шудан
Садамаҳои маргбори рӯзи аввали тобистон дар кишвар ҷони ду ронандаро гирифтанд, ки бинобар сабаби аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадани онҳо иттифоқ афтодаанд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Давоми як рӯзи ахир дар роҳҳои Тоҷикистон ду садамаи маргбор сабт шудааст, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нахуст 1-уми июни соли 2022, тахминан соати 11:20 дар шаҳри Норак сар задааст.
Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Хундаи-портер” Назаров Ҷанҷоли 61-сола, сокини шаҳри Норак ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ҷал-Ҷал ба самти шаҳри Норак ногаҳон фишораш баланд шуда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, автомашинаашро чаппа намудааст.

"Дар натиҷа худи ронанда, Назаров Ҷанҷол ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба халокат расидааст", - афзуд манбаъ.

Ҳамчунин пас аз зуҳри ин рӯз ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-бенс" Салимов Тоҷиддини 26-сола сокини шаҳри Ҳисор дучори садама шудааст.
Номбурда ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе - Айнӣ - Ҳисор” аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёташ набаромада, ба дарахтҳои арчаҳои канори роҳ бархӯрда, автомашинаро чаппа намуда, бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мотоцикл, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Ҳалокати зани 72-сола зери чархи мототсикл дар Душанбе
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ин ниҳод ахиран аз сонеҳаи нақлиётии маргбор дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонхабар дода буд.
Тибқи иттилои ВКД ронандаи 54-сола автомашинаашро ба чуқурии зиёда аз 95 метр чаппа намудааст, ки дар пайи он худ ҳалок гардида, писари 12-солааш ва мусофири 45-сола, ки сокини ноҳияи мазкур мебошад, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Лентаи хабарҳо
0