Куштигири тоҷик дар Қазоқистон медал гирифт

© Sputnik / Амир ИсаевСоревнования по дзюдо в Таджикистане
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Обуна шудан
Варзишгари тоҷик қувваозмоиро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз намояндаи Эрон шикаст хӯрд. Сипас дар рақобат барои ҷойи савум варзишкори ӯзбекро мағлуб кард
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Рӯзи аввали мусобиқаи рейтингии Ҷоми Болат Турлихонов барои варзишгарони тоҷик муваффақ буд.
Кумитаи миллии олимпӣ хабар медиҳад, ки дар рӯзи аввали ин мусобиқа Асламҷон Азизов дар равияи юнонӣ - римӣ соҳиби медали биринҷӣ гардид.
Гуфта мешавад, варзишгари тоҷик қувваозмоиро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз намояндаи Эрон, Пуё Дод Марз шикаст хӯрд.
Сипас ӯ дар қувваозмоӣ барои ҷойи саввум бар варзишгари Ҳиндустон Арҷун Ҳалакуркӣ пирӯз гардид.

Манбаъ меафзояд, дар рӯзи аввал, ҳамчунин Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни 60 кг гуштин гирифта, дар даври муқаддамотӣ варзишгари Қирғизистон Куттубек Абдукарим уулуро мағлуб намуд, вале дар чорякфинал аз намояндаи Эрон Пуё Муҳаммад Носирпур ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз намояндаи кишвари мизбон Ернур Фидахметов шикаст хурда, ҷои панҷумро гирифт.
Нуҳ варзишгари тоҷик ба Қазоқистон меравад
Қайд гардид, ки дар рӯзи дуюми мусобиқаи Ҷоми Болат Турлихонов се варзишгари дигари тоҷик дар равияи гуштини юнонӣ-римӣ нерӯсанҷӣ мекунанд: Шероз Очилов дар вазни 72 кг, Ҳабибҷон Зуҳуров дар вазни 77 кг, Суҳроб Абдулҳаев дар вазни 82кг.

Ҳамчунин чор намояндаи Тоҷикистон дар гуштини озод сабқат хоҳанд кард. Қувваозмоиҳои ин равия 4-5 июн доир мешавад.

Ёдрас мешавем, ки дар мусобиқа зиёда аз 275 варзишгар аз 15 давлат иштирок доранд.
Лентаи хабарҳо
0