Иқтисоддонҳо гуфтанд, қурби доллар дар моҳи июн чӣ гуна хоҳад шуд

© Sputnik / Максим БлиновДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Пас аз пастшавии рекордӣ пули амрикоӣ ба ҳеҷ ваҷҳ он мавқеи доимияшро пайдо карда наметавонад: доллар дар вақтҳои охир хеле ноустувор шудааст
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар моҳи июн доллар метавонад ба нишондиҳандаҳои 70-75 рубл баргардад. Дар ин бора Дмитрий Ферапонтов, муаллими калони кафедраи фаъолияти бонкии Донишгоҳи Синерҷӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
Коршинос таъкид кард, ки дар тӯли як моҳи охир рубл таҳкими бесобиқа нишон дода, ба қатори қавитарин асъорҳо дар ҷойи аввал баромад.

"Аммо як моҳ давраи хеле кӯтоҳ аст, ки тамоюли воқеии дарозмуддатро нишон намедиҳад. Дар охири моҳи май мо заъфи пули Русияро мушоҳида кардем, ки қурби асъор ба 70 рубл барои як доллар ва евро наздик шуд”, - гуфт Ферапонтов.

Вай гуфт, ки яке аз тамоюлҳо наздикшавии нархи евро ва доллар аст. Баъзан фарқияти байни асъорҳо аз 1,5 то 2 рублро ташкил медод.
Коршинос сабаби аслии ин падидаро мушкилот дар иқтисод ва нобаробарии сиёсӣ дар минтақаи евро медонад.
"Танзимгари доллар (Системаи захоири федералӣ) низ бо мушкилот рӯ ба рӯ аст, аммо таъсири ин омилҳо камтар назаррас аст", - гуфт ӯ.
Қурби рубл дар чанд рӯзи охир поин рафт. Ба ин тасмими Бонки Русия дар бораи сабук кардани сиёсати пулию қарзӣ ва коҳиш додани меъёри он то 11% мусоидат кард.
Российский рубль - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2022
Доллар дигар лозим нест: сабаби устуворгардии рубл дар чист?
Ферапонтов гуфт, ба далели вобастагии зиёд аз содирот ҳатто дар шароити гузаштан ба ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ ҳукумат ва иқтисод ба рубли қавӣ ниёз надоранд.
Омили иловагӣ набудани талабот ва маҳдудият дар гардиши асъор дар дохили кишвар буд: асъорҳои хориҷӣ ҳамчун воситаи ҳисоббаробаркунӣ ва пардохт ҷолибияти худро гум карданд.
"Қурби миёнаи рубл то ҳол дар сатҳи 70-75 рубл барои як доллар ва евро нигоҳ дошта мешавад, ки ба ҳамдигар хеле наздик шудаанд", - таъкид кард иқтисодчӣ.
Намудорҳои ҷории қурби рубл вобастагии онро аз омилҳои сершумор дар муддати кӯтоҳ муаян карда, тамоюли баромадан аз ноустуворӣ ба нишондиҳандаҳои бозорро нишон медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0