Раҳмон ба Ӯзбекистон рафт: киҳоро бо худ бурд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЗавершение рабочего визита в Согдийскую область президента Эмомали Рахмона
Завершение рабочего визита в Согдийскую область президента Эмомали Рахмона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Обуна шудан
Роҳбари давлатро дар ин сафар дар баробари вазирону дигар мақомдорон ҳамчунин раиси вилояти Суғд ва шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат барои анҷом додани сафари корӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуотии роҳбари давлат хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмонро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Русмати Эмомалӣ, Қоҳир Расулзода, Озода Раҳмон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Манбаъ афзуда, президентро дар ин сафар вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат ҳамроҳӣ мекунанд.
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев прибыл с официальным визитом в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Барномаи сафари Раҳмон ба Тошканд маълум шуд
Ҳамчунин ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон раиси Бонки миллӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, сардори КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот” сафар намудаанд.
Гуфта мешавад, дар ин сафар раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ роҳбари давлатро ҳамроҳӣ менамояд.
Ёдовар мешавем, ки ин сафари кишвардор бо даъвати раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сурат гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0