Сокинони Тоҷикистонро гармои шадид интизор аст

© Sputnik Люди гуляют в жаркую погоду в Душанбе
Люди гуляют в жаркую погоду в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Обуна шудан
Ҳавошиносон ҳушдор медиҳанд, ки дар поёни ҳафта тоҷикистониён ба гармои шадид мувоҷеҳ хоҳанд шуд, ки умдатан манотиқи ҷануби кишварро фаро хоҳад гирифт
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ. Дар ҳамин ҳол дар ҷануби кишвар ҳаво асосан бебориш ва шамол қариб намевазад.
Ҳамин тариқ, 2 июн ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 16-21 ва рӯзона 32-37 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10-15 ва рӯзона 23-28 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе низ ҳам ҳаво дар назар аст. Бориш дар назар нест, шабона 12-14 ва рӯзона 33 дараҷа гарм мешавад.
Дар навоҳии тобеи ҷумҳурӣ, танҳо дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ гоҳ-гоҳ борони кӯтоҳмуддат ва ҳатто раъду барқ ​​мешавад.
Жара в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Июни тафсон: ҳавошиносон гуфтанд, ки тобистон дар Тоҷикистон чӣ гуна оғоз мешавад
Ҳаво дар водиҳо шабона 12-17 дараҷа, рӯзона 29-34 дараҷа ва дар куҳҳо тақрибан 8-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шимоли ҷумҳурӣ, дар вилояти Суғд ҳаво асосан бебориш мешавад, вале дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ ​​истисно нест.
Ҳаво дар водиҳо шабона 15-20 ва рӯзона 29-34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 4-9 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад.
Дар ВМКБ танҳо дар қисмати ғарбӣ баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад, вале дар умуман бебориш. Ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 8-13, рӯзона 21-26, дар шарқ шабона то 2 дараҷа сард ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамитн ҳол, Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки баъзе вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар моҳи аввали тобистон дар баъзе ҷойҳо 1 ё 2 дараҷа болотар аз меъёри иқлимӣ дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0