Тавсиф аз рушди равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон дар 6 соли роҳбарии Мирзиёев

© Пресс-служба Президента УзбекистанаСостоялись переговоры Президентов Узбекистана и Таджикистана
Состоялись переговоры Президентов Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Обуна шудан
Роҳбарони Тоҷикистону Ӯзбекистон аз дастовардҳо дар муносиботи ду кишвар тайи 6 соли охир тавсиф карда, ҷонибдорияшонро барои таҳкими минбаъда баён доштаанд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои ӯзбекистонияш, Шавкат Мирзиёев дар ҳайати маҳдуд музокирот гузаронданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон хабар дода, афзуд, ки роҳбарони ду давлат густариши ҳамкории тарафайн муфидро дар заминаи дӯстию ҳамсоядории хуби бисёрасраи халқи тоҷик баррасӣ карданд.
"Мавзуъи марказии музокирот густариши муносиботи дутарафа, тавсеаи амалии барномаҳо дар бахшҳои сиёсӣ, байнипарлумонӣ, иқтисоду тиҷорат, ҳамлу нақл, сармоягузорӣ ва фарҳангӣ - гуманитарӣ буданд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ изҳор дошт, ки тайи 6 сол ҷонибҳо ба пешрафти калон дар ҳамаи бахшҳои ҳамкорӣ ноил гардиданд. Созишҳое, ки қаблан дар сатҳи баланд ҳосил шуданд, самаранок татбиқ шуда истодаанд.
"Мунтазам табодулҳо миёни ҳукумат, вазорату идораҳо ва минтақаҳои ду кишвар сурат мегиранд", - илова намуд дафтари матбуоти президенти Ӯзбекистон.
Дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҷонибдорияшонро аз таҳкими минбаъдаи шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистонро баён доштанд.
Махсусан ба густариши тиҷорат ва ҳамкорӣ дар бахши саноату рушди имконоти ҳамлу нақл таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.
Торжественная церемония встречи лидера Таджикистана Эмомали Рахмона в Узбекистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Истиқболи расмӣ аз президенти Тоҷикистон дар Қасри "Куксарой" - аксҳо
Татбиқи лоиҳаҳои обу энержӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқоти Раҳмон ва Мирзиёев будаанд.
Дар баробари ин роҳбарони ду давлат дар мавриди масоили байналмилалӣ ва таъмини сулҳу оромӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули афкор намудаанд.
Интизор меравад, ки сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар Ӯзбекистон 2 рӯз идома ёбад.
Дар ин сафар роҳбари давлатро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони энергетика ва захираҳои об, кишоварзӣ, нақлиёт, фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлат ҳамроҳӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0